Асрори муваффақияти академик Додхоева

Дар бораи ин зани донишманду закӣ бисёр шунида будам, вале замоне бо ӯ аз наздик вохӯрдам, ки дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳайси мудир фаъолият дошт ва аввалин  маротиба ба мо донишҷӯён дар соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ лексия хонд…

Пеш аз он ки ба дарс оғоз намояд, бо оромии хос ва меҳри модарона  худро муаррифӣ намуд: “Ман Додхоева Мунаввара Файзуллоевна, мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1, дар пойгоҳи Таваллудхонаи ҷумҳуриявии №3”.

Дар ҳайрат шудам, зеро медонистам, ки ӯ Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  доктори илми тиб, профессор ва дар ниҳоят ягона зан-академики Академияи миллии Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши тиб мебошад ва бо ин ҳама унвону манзалат бояд тамоман як шахси “ғайримуқаррарӣ” бошад, вале аз суханронии аввалини ӯ дарк намудам, ки ин олимаи асил фирефтаи шуҳрату мансаб нест, балки хоксор асту самимӣ. 

Хоксорӣ ва софдилона хидмат кардан ба халқу ватанро ӯ аз волидайнаш — Файзулло Файёзов, Корманди шоистаи РСС Тоҷикистон ва Аълочии кинематографияи СССР ва Онаой Норматова омӯзгори фанни забон ва адабиёт мерос бурдааст, вале меҳри илми тибро ба қалби ӯ ғоибона академик Саъдинисо Ҳакимова ҷой намуд. Замони таҳсил дар мактаби миёнаи №11 шаҳри Хуҷанд дар газетаи “Пионери Тоҷикистон” дар бораи олими тавонои тоҷик Саъдинисо Ҳакимова мақолаеро хонда ба хулосае омад, ки табиб мешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд, соли 1964 ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон (дертар донишгоҳ) ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда онро бо сари баланд хатм кард. Ду сол (1970-72) дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ ба ҳайси духтури занона фаъолият намуда, ординатори клиникӣ ва солҳои 1974-77 дар курси аспирантура таҳсил намуда таҳти роҳбарии Саъдинисо Ҳафизовна рисолаи номзадӣ навишта онро дар шаҳри Харкови Ҷумҳурии  Украина дифоъ намуд.

 Пас аз гузаштан аз ин зинаҳо орзуи Мунаввара Файзулоевна амалӣ шуд, зеро Саъдинисо Ҳакимова ӯро ҳамчун ассистент ба кафедраи акушериву гинекологии донишкада ба кор ҷалб намуд. Баробари таъисиси Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдак муддате ба ҳайси ходими калони илмӣ он ҷо фаъолият намуд, вале соли 1983 ӯро меҳри шогирдон дубора ӯро ба кафедраи акушериву гинекологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино овард. Ҳамин тавр, ин олими тавоно зинаҳои дотсентӣ, докторӣ ва профессориро тай карда, соли 2001 узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва соли 2010 узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне академик интихоб намуданд ва имрӯзҳо ӯ ягона бонуест, ки ба ин мақом расидааст.

Мунаввара Файзуллоевна олимаи сермаҳсул буда  муаллифи зиёда 270 асару мақолаҳои илмӣ, 3 монография, зиёда аз 20 дастурамали таълимию омӯзишӣ ва беш аз 10 пешниҳоди навоварона дар бахши тибби занона мебошад ва ин нишондоди охирин нест. Зери роҳбариаш 23 номзади илм ва якчанд нафар унвони докториро сазовор шудаанд, ки на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ фаъолият доранд. Худи ӯ бо як қатор мавзӯъҳои ҳалталаби илми тиб дар симпозиумҳову конфронсҳои илмии ҷумҳуриявиву ҷаҳонӣ маърӯзаҳо намудааст.

Академик М. Додхоева нисбати тақдири халқу миллат бетараф набуду нест ва бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари мамлакат дар бораи танзими оила, сиёсати демографӣ ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ Ассосиатсияи “Модарии бехатар”-ро таъсис дод, ки дар он масъалаҳои мубрами бахшида ба соҳаи тибби занона муҳокима карда мешавад. Ӯ ҳамчунин, ҳаммуаллифи барномаи миллӣ оид ба валодаткунонӣ ва як қатор барномаҳои миллӣ оид ба бемориҳои занона мебошад.

Хизмати устоди азизи мо дар рушди забони тоҷикӣ камтар аз забоншиносон нест, зеро ӯ бо Муҳаммадҷон Расулӣ “Луғати тоҷикӣ- русӣ- лотинӣ”-ро тартиб додаанд,ки имрӯзҳо китоби рӯимизии табибон мебошад. Ҳамчунин, ӯ нахустин маротиба дар соҳаи генекология бо забони тоҷикӣ китоби “Аворизҳои ҳомиладорӣ”-ро нашр намуд, ки қадами муҳим дар ворид намудани забони тоҷикӣ дар илми тиб аст. 

Устод М. Додхоева усули хоси дарсдиҳӣ дорад, ӯ дар рафти дарс на танҳо соҳаи тиб, балки соҳаҳои дигарро низ мавриди баррасӣ қарор дода, масъалаи тиббиро бо фактҳо исбот ва бо дин муқоиса карда, шогирдонашро аз ҳама ҷиҳат мусаллаҳ мекунад. Бесабаб нест, ки шогирдони муаллима беҳтарин табибон ҳастанд.

Гарчанде шавҳари М. Додхоева Саидбобо Додхоев (номзади илмҳои тиб, аввалин нейрофизиолог дар ҷумҳурӣ) нисбатан барвақт аз дунё рафт, вале устод бо такя ба шогирдону фарзандонаш, рӯҳафтода нашуда пеш рафт ва фарзандони солеҳ тарбия намуд. Имрӯз писараш низ доктори илми тиб аст ва дар соҳаи тибби кӯдакон фаъолият дорад. Духтараш низ пайрави падару модари худ мебошад.

Академик М. Додхоева танҳо пойбанди илми тиб нест, мусиқии суннатии “Шашмақом” ва осори бузургони адабиётро дӯст медорад, ки ин нишони фаросати баланду донишу зебоипарастии ӯст.

Ин шабу рӯзҳо устоди азизи мо 75-сола мешаванд. Барояшон умри дароз ва саодати рӯзгорро мехоҳем

Ин навиштаро бо як шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор хотима мебахшем.

Аз табори бани хакимон аст.

Зиндадори Галену Лукмон аст.

Додхоҳу мунаввару хушгил.

Нурбахшанда, сурбахшон аст.

Дар саломаш паёми бемарги.

Дар маромаш начоти инсон аст.

Дар дифоъи хаёт рӯзу шаб.

Бо ачал дастдаргиребон аст.

Духтари фазли Буали Сино.

Ахтари осмони ирфон аст. 

Шамшоди Сабоҳатулло, табиб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *