Асрорзода дар Қатар рақамикунонии таҳсилотро баррасӣ кард
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лусейли Қатар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ин ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишгоҳи Лусейли Қатар доктор Низам Муҳаммад мулоқот намуданд.
Вохурии ду ректор 21 –уми январ дар доираи сафари давлатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар доир шудааст.
Дар мулоқот густариши ҳамкорӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди «сабз», рақамикунонии таҳсилот, таъсиси маркази таълимӣ-лабораторӣ ва таҳкими пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таҳсилот баррасӣ гардидааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар доир ба татбиқи масоили баррасишуда созишнома ба имзо расонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ