Панч

Панҷ: Молия — заминаи рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ

Соҳаи молия асоси пешрафти кишвар маҳсуб ёфта, барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминагузор аст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».

Даромади буҷет

Ба гуфтаи сардори Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Панҷ А. Сафарзода, ниҳоди мазкур баҳри рушди соҳаи молия дар кишвар дар самти иҷроиши қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Панҷ дар 12 моҳи соли 2023 корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Тавре зикр гардид, буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2023 дар қисми даромад ба маблағи 88 163 169 сомонӣ, аз ҷумла бо назардошти маблағҳои андозҳо ба маблағи 41 315 880 сомонӣ ва маблағҳои мақсаднок 46 847 289 сомонӣ ва қисми хароҷот ба маблағи 88 923 465 сомонӣ бо касри буҷет ба маблағи 760296 сомонӣ тасдиқ карда шудааст.

Қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия бо тағийроту иловаҳо аз ҳисоби андозҳои маҳаллии ноҳия дар 12 моҳи соли 2023 ба маблағи 38 815 880 сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷроиши он дар ин давра 39 196 848 сомониро ташкил медиҳад, ки баробари 101 фоизи нақша буда, нисбати нақшаи пешбинишуда 380968 сомонӣ зиёд мебошад ва нисбати ҳамин давраи соли 2022 бошад, ба маблағи 5 441 668 сомонӣ зиёд аст.

7 намуди андоз ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар дувоздаҳ моҳи соли 2023 ба пуррагӣ иҷро гардидаанд.

Маблағҳои мақсаднок

Дар дувоздаҳ моҳи соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ мувофиқи нақша 39 349 300 сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл 39 345 830 сомонӣ иҷро гардидааст.

Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки вилоятӣ ба маблағи 7 497 989  сомонӣ ҳамчун мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба нақша гирифта шудааст, ки ба пуррагӣ пардохт гардидааст.

Андози иҷтимоӣ

Нақшаи андози иҷтимоӣ дар дувоздаҳ моҳи соли 2023 дар умум мувофиқи нақшаи пешбинишуда 26 522 270 сомонӣ буда, дар асл ба маблағи 28 038 706 сомонӣ, ё ин ки 106 фоиз иҷро гардидааст, ки нисбати нақша 1 516 436 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ 16 523 600 сомонӣ буда, дар асл 17 270 486 сомонӣ, ё ин ки 105 фоиз иҷро гардида, нисбати нақша 746886 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 9 998 670 сомонӣ буда, дар асл 10 768 220 сомонӣ, ё ин ки 108 фоиз иҷро гардидааст ва нисбати нақша 769550 сомонӣ зиёд мебошад.

Бақияпулии андозҳо

Маблағи бақияпулии андозҳо аз хоҷагиҳо ва корхонаву ташкилотҳои ноҳия дар назди буҷет ба ҳолати 1-уми декабри соли 2023 маблағи 6 326 267 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2022-юм 1 234 548 сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба гуфтаи сардори Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Панҷ А. Сафарзода, бақияпулии андозҳо асосан аз ҳисоби аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ ва инчунин напардохтани андозҳои ҷорӣ ва бақияпулиҳо аз тарафи Хоҷагии давлатии тухмипарварӣ ба маблағи 1 845 611 сомонӣ, ё ин ки 29 фоизи ҳамагӣ бақияпулии андозҳои ноҳияро ташкил медиҳад. Напардохтани андозҳои ҷорӣ ва бақияпулиҳо аз тарафи Корхонаи давлатии фаръии “ХМК”-и ноҳия ба маблағи 339759 сомонӣ, аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба маблағи 2 621 228  сомонӣ ё ин ки 41 фоизи ҳаҷми бақияпулиҳои андозҳои ноҳия, аз тарафи ҶДММ “Ҳоҷӣ Амрулло” ба маблағи 62468 сомонӣ, аз ҷониби Кооперативи тиҷоратии “Хуҷаи Хулос” ба маблағи 87262 сомонӣ, аз тарафи ҶДММ “Сангрезаи Панҷ” 106382 сомонӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ноҳия ба қайд гирифта шудааст.

Қисми хароҷоти буҷет

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия бошад, дар дувоздаҳ моҳи соли 2023 ба маблағи 91 715 987 сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷроиши он дар ин давра 89 212 549 сомонӣ ё ин ки 97 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз маблағҳои умумии хароҷотшуда, ки 89 212 549 сомониро ташкил медиҳад, аз ин 83 934 470 сомонӣ, ё ин ки 94 фоизаш ба соҳаҳои иҷтимоии ноҳия рост меояд. Аз ҷумла ба соҳаи маориф 59 505 954 сомонӣ, ё ин ки ба андозаи 98 фоиз, ба соҳаи тандурустӣ 22 485 122 сомонӣ, ё ин ки ба андозаи 98 фоиз, ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 636109 сомонӣ, ё ин ки ба андозаи 98 фоиз ва ба соҳаи фарҳанг 1 307 285 сомонӣ, ё ин ки ба андозаи 93 фоиз маблағҳо хароҷот карда шудаанд.

Ба моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет дар дувоздаҳ моҳи соли 2023 аз ҷумла музди меҳнат 64 972 313 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл 63 923 891 сомонӣ иҷро гардидааст, ки 98 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 16 437 984 сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл 16 267 846 сомонӣ иҷро гардидааст, ки ба 99 фоизи нақша баробар мебошад.

Аз маблағҳои умумии хароҷотшуда, ки 89 212 549 сомониро ташкил медиҳад, ба маблағи 80 461 493 сомонӣ, ё ин ки 90 фоизаш барои пардохти музди меҳнат ва моддаҳои хароҷотии ба он баробаркардашуда равона карда шудааст. Инчунин ба маблағи 278040 сомонӣ барои сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи 299999 сомонӣ барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия, ба маблағи 120886 сомонӣ барои иштирокчиёни садамаи Чернобел хароҷот карда шудааст.

Нақшаи корӣ ва ғайринақшавӣ

Дар асоси нақшаи корӣ ва ғайринақшавӣ аз тарафи мутахассиси пешбар оид ба назорати дохилӣ ва аудити Раёсати молияи ноҳияи Панҷ дар дувоздаҳ моҳи соли 2023 дар асоси дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нақшаи корӣ дар 28 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ таҳлил оид ба мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, пардохти музди меҳнат ва ҳолати пешбурди ҳисоботҳои муҳосибӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда, ба маблағи умумии 439318 сомонӣ камбудию норасоиҳо муайян карда шудаанд. Аз ҷумла:

— зиёд пардохт кардани музди меҳнат — 13061 сомонӣ;

— камомади молу мавод — 240190 сомонӣ;

— маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшнамоии андозҳо — 1731 сомонӣ;

— зиёдомади молу мавод — 10260 сомонӣ;

— камомади хазина — 26 сомонӣ;

— дигар хароҷоти ғайриқонунию пулию молӣ — 174050 сомонӣ.

Бино ба иттилои сардори Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Панҷ А. Сафарзода, аз таҳлилҳои гузаронидашуда ва камбудию норасоиҳои ошкоргардида ба маблағи 230743 сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 113640 сомонӣ ва ба корхона 117103 сомонӣ барқарор шудааст.

— Раёсати Вазорати молия дар ноҳия дар оянда барои таъмини иҷроиши буҷети давлатӣ, дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ, инчунин васеъ намудани манбаъҳои андозбандӣ ва пурра таъмин намудани воридоти даромадҳо ба буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз чораҷӯӣ менамояд,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *