Ҷавондухтари дузд дастгир шуд

Чуноне ВКД мегӯяд, ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 31-уми июли соли 2017, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 5 ҳазору 600 доллари амрикоӣ ва 16 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавондухтари 18-солаи сокини кӯчаи Ҳисори пойтахтро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *