Марги ду хурдсол аз ноӯҳдабарои ронандагон

Бино ба маълумоти ВКД, 22-юми августи соли 2017, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Латифов Ҷамшед Убайдуллоевич соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Яккатут аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Тошматова Шаҳбону Авазхоновна соли таваллудаш 2014-ро пахш намудааст.

Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 22-юми августи соли равон, тахминан соати 11:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Олтибоев Абдуҷалил Абдураҳимович соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Бахтовари ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Султонова Ҳадиса Муҳаммадшоевна соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Бахтоварро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *