«Истиқлол» -«Серес Негрос»- 4:0. О-фа-рин!!!

Чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол» дар бозии аввалини марҳилаи нимфиналии минтақавии Ҷоми КФО-2017 дастаи «Серес Негрос»-и Филиппинро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

13 ҳазору 800 мухлисе, ки  шоми 22 август ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор омада буданд, аз бозии хуби футболбозони тоҷик ҳаловат бурда, шоҳиди 4 голи беҷавоб гардиданд. Манучеҳр Ҷалилов дар ин дидор боз дубл кард. Ду голи дигарро Аҳтам Назаров (аз зарбаи ҷаримавӣ)  ва Ромиш Ҷалилов муаллиф шуданд.

Сармураббии душанбегиҳо Муҳсин Муҳаммадиев ҳангоми нишасти матбуотии баъди бозӣ барои пирӯзӣ ба ҳайати даста ва мухлисон изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намуд, ки «бозӣ хеле вазнин гузашт. Мо набояд аз ин пирӯзӣ фориғбол шавем».

Бозии ҷавобии «Истиқлол» бо «Серес Негрос» 12 сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин баргузор мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *