Автобуси Душанбе — Маскав ба роҳ мебарояд
Ширкати «Asian Express»-и Тоҷикистон равуои мунтазами автобусҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав барқарор намуд. Автобус тариқи ин хатсайр ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 10:00 ба роҳ мебарояд. Соати 9:00 худро ба қайд гузоштан лозим аст.
Автобусҳо аз терминали байналмилалии мусофирбари «Asian Express» («Автовокзал») дар хиёбони Абӯалӣ ибни Сино, 110 ба роҳ мебароянд.
Масофаи хатсайри Душанбе — Маскав (то терминали “Котелники” дар вилояти Маскав, шаҳри Котелники) 3 ҳазору 900 километр ва вақт дар роҳ ҳудуди 66 соату 30 дақиқа (қариб 3 шабонарӯз)-ро ташкил медиҳад. Роҳи бозгашт 70 соату 30 дақиқаро дар бар мегирад.
Хатсайрҳо бо автобуси тамғаи Mercedes MAN «Fortuna»-и Олмон иҷро карда мешаванд. Ҷойҳои нишаст дар онҳо барои 47 мусофир пешбинӣ шудааст. Автобусҳо бо биотуалет, яхдон, телевизор муҷаҳҳаз мебошанд. Дар сафар 8 истгоҳи муваққатӣ пешбинӣ шудааст.
Арзиши билет барои 1 нафар 1 ҳазору 200 сомонӣ ва барои кӯдакони синни аз 2 то 5-сола 600 сомониро ташкил дода, барои кӯдакони синни аз 2-сола поин бепул аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ