Автоголи «Панҷшер», ғалабаи «Помир»
12 август дар варзишгоҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон (воқеъ дар Политехникум) бозии марказии даври шонздаҳуми чемпионати мамлакат миёни КМВА «Помир» ва «Хуҷанд» баргузор шуд.
Бозӣ бо хуҷумҳои тарафайн баробар ҷараён гирифт. Вале дар дақиқаи иловагии қисми якум ба низомиён муяссар шуд, ки тӯби ягонаро ба дарвозаи меҳмонон ворид намоянд ва пирӯзии навбатиро ба даст оранд. ( муаллифи гол — муҳофизи даста Фирдавс Чақалов). Ин ғалаба «Помир»-ро бо 28 хол аз зинаи сеюм ба дуюм баровард. «Хуҷанд» бо як холи кам ба зинаи сеюм фаромад.
Дар вохӯрии дигари даври мазкур «Вахш» «Панҷшер»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар ин ғалабаи соҳибони майдон «саҳми» бозигари «Панҷшер» Абдулатиф Тоҷиаҳмедов, ки дар дақиқаи 88 –ум тӯбро ба дарвозаи худ зад, калон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ