Тобути муҳоҷири 36 сола ба Ватан омад

Як муҳоҷири 36-солаи тоҷик дар пайи таркиши газ ба ҳалокат расидааст. Тобути Киромиддин Роибов, сокини рустои Айнии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 10 август ба Тоҷикистон оварда шуд.

Абдураҳмон Раҳмонов, яке аз хешовандони Киромиддин дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ҳодиса ҳафтаи сипаришуда дар вилояти Челябинск ба вуқӯъ пайвастааст: “Ӯ ҳамроҳ бо як гуруҳи дигари тоҷикон барои бунёди як бӯстонса ба кандани таҳхона машғул будааст. Нисфирӯзӣ вақте ҳамроҳонаш ғизохурӣ мераванд, гуфтааст, ки корашро тамом карда, пасон меравад. Вақти кандани замин буеро эҳсос мекунад. Ӯ гугирдро бароварда онро рӯшан мекунад ва таркиш ба амал меояд. Дар ҳоле ки тамоми баданаш сухтааст, ба бародараш занг зада мегӯяд, зуд биёд, ки сӯхтааст”.

Ба гуфтаи вай, Киромиддинро ба беморхона интиқол медиҳанд ва ӯ баъди чор рӯз онҷо ба ҳалокат мерасад.

Рабиев оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд будааст.

Ба омори ғайрирасмӣ беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад ва ҳамасола тобути даҳҳо тани онҳо ба Ватан оварда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *