Ба Дилшод Назаров чемпионӣ муяссар нашуд

Чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров, ки дар давраи аввали чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон байни 12 гурзпартои финалчӣ ҷойи 6-умро гирифта буд, дар даври ниҳоии гурзандозӣ бо натиҷаи 77.22 метр мақоми ҳафтумро касб кард.

Даври финалии мусобиқаи гурзандозӣ шаби 11-уми август бо иштироки дувоздаҳ варзишгари зӯртарини ҷаҳон баргузор шуд. Дар сабқати ниҳоӣ Павел Фаҷдек аз Лаҳистон (Полша) бо натиҷаи 79.81 метр мақоми аввалро касб кард. Ба ҷуз медали тилло ба ғолиб ҷоизаи молӣ ба маблағи 60 000 доллар супурда шуд.

Валерий Пронкин (варзишгари бетараф), ки бо натиҷаи 78.16 метр дувум шуд, бо медали нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 30 000 доллар сарфароз гашт. Ба Войтсех Новитски аз Лаҳистон, ки бо натиҷаи 78.03 метр дар зинаи севум қарор гирифт, медали биринҷӣ ва 20 000 доллар супурда шуд.

Варзишгароне, ки ҷойҳои аз чаҳорум то ҳаштумро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд: Бигот Қуентин (Фаронса, 77.67 м) — барои ҷойи чорум – 15 000 доллар, Алексей Сокирский (варзишгари бетараф, 77.50 м) — барои ҷойи панҷум — 10 000 доллар, Ник Миллер (Британияи Кабир, 77.31 м) — барои ҷойи шашум — 6000 доллар, Дилшод Назаров (Тоҷикистон, 77.22 м) – барои ҷойи ҳафтум — 5000 доллар, Сергей Марчиев (Молдова, 75.87 м) — барои ҷойи ҳаштум — 4000 доллар.

Дилшод Назаров дар мусобиқаи пешини чемпионати ҷаҳон оид, ки соли 2015 дар Пекини Чин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, ҷойи  дуюмро и ишғол кард ва соҳиби медали нуқра гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *