Милисаҳои тоҷику ӯзбек даст ба ҳам медиҳанд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Узбекистон барои ҳамкории бештар созиш кардаанд. 

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ҳайати намояндагони ВКД, таҳти роҳбарии муовини якуми вазир, генерал Абдураҳмон Аламшозода барои иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии мақомоти милисаи ду кишвар дар шаҳри Тошканди Узбекистон қарор доштанд: “Дар доираи ҷаласаи мазкур Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Азизов Абдусалом Абдумавлонович вохӯрӣ доир намуд”.

ВКД афзуд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳоро баррасӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *