Панҷакент: Бародари Авзалшоҳ Шодиев милисаро зад

Рӯзи шанбе дар ҷараёни фестивали «Оши палав” дар шаҳри Панҷакент байни сардори милисаи ин минтақа Раҳмон Давлатов ва мудири шӯъбаи танзими расму ойин Саидҷон Шодиев – бародари овозхони шинохта Афзалшоҳ Шодиев ҷанҷоли лафзие ба миён омадааст.

Рӯзи 12 августдар чорабинии фестивали «Оши Палав» дар шаҳри Панҷакент байни сардори ШВКД-и шаҳри Панҷакент Раҳмон Давлатов ва бародари овозхони шинохта Афзалшоҳ Шодиев ҷанҷоли лафзӣ ба миён омадааст.

Ин ҳодиса дар сари дастурхон рух дода, шоҳидон мегӯянд, ҳатто қариб ба занозанӣ мерасид.

Шоҳидоне, ки ин амалро мушоҳода кардаанд, сабаби «разбор»-и лафзии ин ду мансабдорро намедонанд. Аммо изҳор медоранд, ки Давлатов ҳатто ба сӯи бародари Афзалшоҳ пиёлаи обро пошидааст.

Ҳолдонҳо мегӯянд, ин хархаша ҳанӯз пеш аз ин ҳодиса пайдо шуда ва дар рӯзи фестивали «Оши палав» ба ин шакл рӯ задааст.

Бародари Афзалшоҳ Шодиев — Саидҷон Шодиев, дар шаҳри Панҷакент вазифаи мудири шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро ба дӯш дорад.

Раҳмон Давлатов, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакентро, ки қудои Президент Эмомалӣ Раҳмон аст, як одами ошкорбаён ном мебаранд. Раҳмон Давлатов то соли 2014 раҳбарии раёсати амнияти дохилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *