Аввалин пойгоҳи Чин дар Тоҷикистон
Хабаргузории Синхуа хабар дод, ки ба иттилои Донишгоҳи Ланчжоу дар Тоҷикистон аввалин пойгоҳи иқлим ва мониторинги муҳити зисти берун аз Чин (B&R) ба фаъолият оғоз кард.
Ба гуфтаи манбаъ, пойгоҳи нав, ки дар Шаҳритус воқеъ буда, маълумоти мукаммал дар бораи моддаҳои ифлоскунанда ва элементҳои метеорологии Осиёи Миёнаро медиҳад. Ин маълумот барои огоҳӣ аз офатҳои метеорологӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим лозим аст.
Гуфта мешавад, ки пойгоҳи Шаҳритус метавонад ба масофаи дур интиқоли қуму чанг, инчунин қонуни паҳншавии ифлоскунандаҳои ҳаворо пайгирӣ кунад. Ин маълумот ба беҳтар шудани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлими ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
Бино ба хабар, маълумоте, ки дар ин пойгоҳ ҷамъоварӣ шудааст, дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва огоҳӣ аз офатҳои метеорологӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Пойгоҳи нав аввалин пойгоҳи Чин дар хориҷи он буда, барои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мониторинги иқлим ва муҳити зист аҳамияти хоса дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ