Лоиҳаи нави “Дастгирии кишоварзӣ” ба маблағи $100 млн роҳандозӣ шуд

Дар Душанбе гуфтушуниди вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати Хазинаи Байналмилалии Рушди кишоварзӣ таҳти роҳбарии директори минтақавӣ оид ба Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ Дина Салех баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ки дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши шарикии дуҷониба, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шудаанд. Вазир бо музокирачиён дар бораи пай дар пай такмил додани соҳаи кишоварзӣ, инчунин дар бораи иҷрои лоиҳаи “Дастгирии кишоварзӣ”, ки мақсади асосии он тараққиёти минбаъдаи комплекси агросаноатии кишвар мебошад, суҳбат кардаанд.

Барои иҷрои тарҳи муҳими дар боло зикршуда 100 миллион доллар ҷудо шудааст. Дар раванди татбиқи он Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун шарик иштирок мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *