Аёдати маъюбону ниёзмандон дар Левакант

Мастура Муминзода, шаҳрдори Левакант дар арафаи соли нави мелодӣ ба маъюбон ва ниёзмандон кумак кардааст.

Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Левакант ба Pressa.tj гуфтанд, ки иқдоми хайр дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. 

«Ба хотири аз вазъи зиндагии онҳо огоҳ шудан ва шунидани арзу шикояташон, Мастура Муминзода, шаҳрдори Левакант кумакҳоро расонид ва бо ҳар кадоми онҳо суҳбат кард. Ҳамчунин масъулин супориш гирифтанд ва барои бемушкилӣ гузаронидани зимистон ба ниёзмандон кумак кунанд ва аз аҳволи онҳо пайваста хабардор бошанд»,-иттилоъ дод манбаъ.

 Ба маъюбон ва ниёзмандон маводи яквақтаинаи ғизоӣ дода шуд ва ба хотири болидаруҳии кӯдакони маъюб ба онҳо халтачаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *