Аз ҳамоиши об Тоҷикистон чӣ манфиат дорад? (Мусоҳиба)
Суҳбат бо ходими давлатӣ, дипломати тоҷик Қозидавлат Қоимдодов
Аз 22 то 24-уми март дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҳамоиш баргузор гардид. Ташаббускори ин даҳсолаи байналмилалӣ Тоҷикистон аст ва Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид қатънома қабул кардааст. Ин ҳамоиш барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дошт? Дар ин маврид бо собиқ муовини Сарвазири мамлакат, сарпараст ва ҷонишини кумитаи тадорукоти ҳамоиши байналмилалии ‘’Oби тоза, Душанбе — 2003’’ Қозидавлат Қоимдодов ҳамсуҳбат шудем.
— Аз нигоҳи шумо, ҳамоиши сатҳи баланди марбут ба об, ки дар шаҳри Ню-Йорк доир шуд, чист ва он барои Тоҷикистон чӣ медиҳад?
— Аввал, хабари пуштибонии иқдоми навбатии Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи манбаъҳои обу пиряхҳоро ба кулли мардуми кишвар шодбош мегӯям. Зеро, роҳи ин пирӯзӣ осону ҳамвор набуд. Умуман, об муҳимтарин ва нодиртарин неъмат барои зиндагии одамон маҳсуб мешавад. Инсоният дар ҳазорсолаи сеюм дарк кард, ки ин сарвати бебаҳо торафт талаботи ҳаёти зиндаро таъмин намекунад ва боиси монеаҳои рушд мегардад. Ҳоло тибқи омор дар миқёси ҷаҳон тақрибан 1 миллиард аҳолӣ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Чунин мушкилот дар ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ низ ҷой дорад.
Аз аввали солҳои фаъолият Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доимо ба якчанд проблемаи тақдирсози миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ диққати зарурӣ медоданд ва ман шоҳиди онҳо низ будам. Ҳанӯз соли 1996 Сарвари давлат барои мониторинги захираҳои обии кишвар супориш дода буданд. Тоҷикистон аз рўйи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ сарчашма мегиранд. Бинобар ин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар форумҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҷаласаҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба масъалаи самаранок истифода бурдани захираҳои об чандин маротиба ташаббусҳо пешниҳод намуданд. Даҳсолаи байналмилалии об низ идомаи ташаббусҳои қаблан амалишуда мебошад.
— Чаро маҳз Тоҷикистон масъалаи обро дар СММ мебардорад?
— Маротибаи аввал 1-уми октябри соли 1999 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 54-уми Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Тоҷикистонро оид ба “Соли байналмилалии оби тоза” пешниҳод намуд ва қайд кард, ки “дар асри 21 тақсимоти об ва истифодабарии он бояд характери ҳарбӣ надошта бошад’’, яъне дипломатӣ.
Баъдан, 7-уми сентябри соли 2000-ум дар қароргоҳи СММ дар саммити ҳазорсола Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми роҳбарони дунё ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намуд, ки ташаббуси давлати Тоҷикистонро оид ба гузаронидани соли 2003 — “Соли байналмилалии оби тоза” дастгирӣ намоянд. Дар вақти муҳокимаронӣ намояндагони бисёр давлатҳои ҷаҳон савол ба миён меоварданд, ки чаро Тоҷикистон дар сароби обҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад ва масъалаи обро мехоҳад ба рӯзномаи саммит ворид гардонад. Барои фаҳмондани фоидаи об ва зарари он барои давлатҳои болооб Роҳбари давлат аз усулҳои дипломатӣ истифода бурда, иштироккунандагони саммитро бовар кунониданд, ки бе ҳалли ин проблема ҷомеаи ҷаҳонӣ дар оянда пеш намеравад.
Сипас, 20-уми декабри соли 2000-ум бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҳаммуаллифии 100 давлати дунё қарор қабул гардид. Баъди қабули ташаббуси Тоҷикистон, СММ Сеюмин конфронси ҷаҳонӣ доир ба Оби тозаро дар Киёта 16-23-юми марти 2003 ва дар Душанбе 30-юми сентябри соли 2003 барпо намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар ду чорабинӣ бо пешниҳодҳои нав баромад карданд. Он рӯз барои Тоҷикистон як рӯзи таърихӣ буд. Чунки ташаббуси мо аз хати экватор гузашта, дар СММ дастгирӣ ёфта, барои муҳокимаронӣ ва пешниҳодҳо ба Душанбе баргашт, ки дар он намояндагони 53 давлат ва 91 нафар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дипломатҳо иштирок карданд. Ҳамин тариқ, Душанбе ба пойтахти оби ҷаҳонӣ мубаддал шуд ва давлати Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори проблемаҳои об дар ҷаҳон эътироф гардид.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Ин дар болоравӣ ва вусъати обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.
— Соли 2009 дар Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон як ниҳод — Гурўҳи «Дўстони об» таъсис дода шуда буд. Нақши ин ниҳодро дар қабули барномаҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Ниҳоди мазкур дар муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба об дар СММ нақши фаъол дорад. Айни ҳол зиёда аз 100 кишвари узви созмонро фаро мегирад. Бояд қайд намуд, ки ду лоиҳаи асосӣ — таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ ва дуюм тиҷоратӣ ва коркарди оби нӯшокӣ таҳти сарварии Пешвои миллат таҳия гардиданд. Имрӯз дар Тоҷикистон 89 фоизи аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ дошта, танҳо дар 20 соли охир зиёда аз 200 деҳоту шаҳрак, маҳалла бо оби тоза таъмин гардиданд. Имрӯз обҳои нӯшокии Тоҷикистон ба кишварҳои дунё содир шуда, бо 6 давлати дунё истеҳсолоти муштарак дорад.
— Бо даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 метавон Тоҷикистонро ҳамчун поягузори ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кард?
— Албатта. Ҳамбастагии «об — нерўи барқ — озуқаворӣ» омили дувуми масъала ба ҳисоб меравад. Бояд иқрор шуд, ки баромадҳо аз минбарҳои баланд, вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани захираҳои об барои мо роҳи ҳалли мушкилоти сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро кушод. Ин аст меваи дипломатияи об, ин аст қаҳрамонӣ. Ба ғайр аз ин, дар чорчӯбаи иҷроиши тавсияҳо, форумҳо доир ба об ба давлати мо аз тарафи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилалӣ кумакҳои зиёд ворид гардидаанд. Яке аз сабабҳои ҳушдор додани мардуми Сайёра аз ҷониби Пешвои миллат ин ҳифзи захираҳои об мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон қариб 10 ҳазор пирях мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 8500 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Гармшавии бошитоб ва тағйири иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсири фалокатбор мерасонад. Сарвари давлат фалокати обшавии пиряхро аз наздик ба Котиби Генералии СММ Антонио Гутерриш нишон дода, барои ҳифзи ин манбаи об тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуданд.
— Борҳо дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ мафҳуми дипломатияи об истифода шудааст. Моҳияти дипломатияи об дар чист?
— Дар пайи ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба ҷаҳониён собит намуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дорад. Он роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд.
Ин иқдом метавонад ба ҳамкории ҷиддии васеъ ва таҳияи созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад. Баробари ин, дар симои Сарвари давлатамон Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамчун поягузори иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шуд. Ин боиси вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардид. Ҳоло ҳама гуна чораҷӯӣ ва ҷустуҷўи ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба об, ҳалли мушкилоти таъмини ҳамагон бо оби тоза ва ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои об бо иштироки фаъоли Тоҷикистон сурат мегиранд.
— Ниҳоят, аз ин иқдомҳои Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ суде хоҳад дид?
— Манфиатҳои умумибашарӣ ба чанд ҷанба вобастагӣ доранд. Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об. Баландшавии ҳарорати ҳаво дар садсолаи охир, ки боиси кам гардидан ва аз байн рафтани захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо гардид, мушкилоти инсонҳоро афзун намудааст. Яъне, дар ин замина офатҳои фоҷианок ба бор омадааст. Дар давоми 60 соли охир ба андозаи аз 0,5 то 1,0 дараҷа селсий баланд гардидани ҳарорати ҳаво боиси таъсири манфӣ ба захираҳои обӣ гардида, ҳамасола ин раванд метавонад ба иқтисодиёти ҷаҳон то 2 триллион доллар зарар расонад.
Офатҳои табиии марбут ба об хисороти молию ҷонии фоҷиаборро ба иқтисодиёти давлатҳо оварда, заминҳои ҳосилхез, маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳо, кӯпрукҳо, иншооти гидротехникӣ ва одамону молу сарвати онҳоро ба коми офат мекашад.
Дар даҳсолаҳои охир то 30% пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд ва ин тамоюл, мутаассифона, то ҳол давом дорад. Ин ва дигар мушкилотро Тоҷикистон барои пешгирӣ ва роҳҳои ҳал ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ