Аз бекорӣ дар Бадахшон то дастури Алишер Мирзонабот ба раисон (аудио)

Вакилони халқии ВМКБ таҳти раёсати Алишер Мирзонабот роҳҳои таъмини аҳолии минтақа бо ҷои корро баррасӣ намуданд.

«Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои солҳои 2023-2025» яке аз мавзуҳои меҳварии маҷлиси вакилони халқи вилоят будааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ хабар дода, афзудааст, ки вакилон аз ҷумла гузориши муовини сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Марзия Некпаеваро шуниданд. Ба иттилои Некпаева, барномаи мазкур тадбирҳоро оид ба таъсиси ҷойҳои кории нав, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргаштаро фаро мегирад.

Ҳамчунин, мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ аз бахшҳои дигари барномаи мазкур арзёбӣ гардиданд.

Вай афзуд, ки ҳоло дар қайди шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ 5539 нафар шаҳрвандони бекор расман ба қайд гирифта шудаанд. Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот вобаста ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ дастур дода, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекорро муҳим хонд. Барои таъмини бекорон дар нерӯгоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва сохтмони роҳи Дарвоз — Ванҷ ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *