Қодиров: Владимир Путин шахсан маро табрик кард (аудио)

Президенти Русия Владимир Путин ба раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров рутбаи генерал-полковники Қӯшунҳои дохилӣ дод. Дар ин бора Қодиров дар Телеграмм-канали худ хабар дод.

«Мехоҳам боз як хабари хушро бо шумо расонам. Президенти Русия ба ман рутбаи генерал-полковник дод. Фармон таҳти рақами 709 содир шудааст. Дар ин бора ба ман Владимир Владимирович шахсан хабар дода, маро табрик кард»,- навишт ӯ.

Қодиров ба Путин барои баҳои баландаш миннатдорӣ баён кард ва ваъда дод, ки шоистаи боварии раҳбари Русия хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз баҳори соли ҷорӣ генерал-лейтенанти қӯшунҳои дохилӣ буд. Мавсуф соли 2004 унвони Қаҳрамони Русияро гирифта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *