Аз болоравии нарх то имтиёз ба довталабон
Посухи муовини вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода
Аз 1-уми марти соли равон бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон оғоз гардид. Имсол қабули довталабон дар муассисаҳои олӣ чӣ бартарӣ дорад? Киҳо метавонанд бидуни имтиҳони тестӣ сазовори номи донишҷӯ шаванд? Соли равон донишҷӯёни тоҷик таҳсилро дар хориҷа идома медиҳанд? Диловар Қодирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон доир ба ин саволҳо ҷавоб гуфт, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандагон мегардад.
-Дар пайи пандемияи коронавирус марзҳо баста шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд таҳсилашонро дар хориҷи кишвар идома диҳанд. Имсол донишҷӯёни Тоҷикистон метавонанд таҳсилро дар муассисаҳои олии хориҷӣ идома диҳанд?
— Дар пайи пандемияи коронавирус COVID-19 тақрибан ҳамаи давлатҳо сарҳадҳои худро бастанд ва парвозҳои ҳавоиро қатъ намуданд. Ин боис ба қатъи таҳсили ҳузури донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар гардид.
Ҳоло Вазорати маориф ва илм як катор тадбирҳоро дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ дар ин самт андешида истодааст. Мутаассифона, бинобар сабаби пандемияи коронавирус, аксарияти давлатҳое, ки мизбони донишҷӯёни тоҷик ҳастанд, марзҳо ва хатсайрҳои ҳавоии худро то ҳол накушодаанд.
Як қатор кишварҳо, бинобар сабаби COVID-19, муваққатан то ба эътидол омадани вазъияти пандемия иҷозати вуруди донишҷӯёни тоҷикро надодаанд. Аз ҷумла, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Беларус, Малайзия, Туркия ва ғайра. Зимнан, ҳамаи он нафароне, ки ҷиҳати ҳузурӣ дар дарсҳо иштирок карда наметавонанд, тариқи фосилавӣ (онлайн) таҳсил намуда истодаанд.
— Ҳамасола тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёни зиёде қабул карда мешаванд. Соли ҷорӣ шумораи онҳо ба кадом миқдор аст?
— Барои соли таҳсили 2021-2022 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №157 барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 62 шаҳру ноҳияи кишвар барои дохил гардидан ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1280 ҷой ҷудо гардидааст. Аз ин 658 ҷой барои духтарон ва 622 ҷой барои писарон пешбинӣ шуда, нисбат ба соли таҳсили 2020-2021-ум 28 ҷой зиёд мебошад.
-Қабули довталабон барои Квотаи президентӣ аз рӯи кадом принсип сурат мегирад?
-Дар таҳияи нақшаи қабул афзалиятнокии ихтисосҳои омӯзгорию тиббӣ ва хусусан, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 ба инобат гирифта шудааст.
Қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи президентӣ дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тариқи озмун дар се давр – даври якум дар сатҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, даври дуюм дар сатҳи шаҳру ноҳия ва даври сеюм (ҷумҳуриявӣ) аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявие, ки аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад.
— Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба дорандагони медалҳои тилло, нуқра ва дигар мукофотҳо ҳангоми қабул дар донишгоҳу донишкадаҳо чӣ сабукиҳо пешбинӣ намудааст?
— Иштирокчиёне, ки дар даври чоруми олимпиада аз 90 то 100 холро ба даст меоранд, сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо туҳфа, медал, Дипломи дараҷаи 1 ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегарданд, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисоси соҳаи омӯзгорӣ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (бе Тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисос ва холҳои гузариши фанниро соҳиб шудан, 100 бал ба натиҷаи бадастоварда илова карда мешавад.
Ҳамзамон, хонандагони синфҳои 11 дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, вобаста ба ҷойи ишғолнамуда дар вақти имтиҳонҳои дохилшавии Маркази милли тестӣ соҳиби имтиёз (ҷойи якум 100 хол, ҷойи дуюм 75 хол ва ҷойи сеюм 50 хол) мегарданд.
Илова ба ғолибони олимпиададҳо, дорандагони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра низ соҳиби имтиёз мебошанд. Яъне, хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра хатм менамоянд, бо пешниҳоди раёсат ва шуъбаҳои маориф ба ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия ва муассисаи таълимӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва аттестати аълои универсалӣ бо медали нуқра хатм менамоянд, ба дилхоҳ ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мактуби тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Ҳамчунин, хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра хатм менамоянд, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани равия ба ихтисос бо мактуби тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.
Хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра хатм менамоянд ва аз имтиёзи пешниҳодшуда даст мекашанд, дар сурати хоҳиш доштан дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ мувофиқи тартиби умумӣ, яъне бе гирифтани имтиёз, ширкат менамоянд.
-Атрофи боло бурдани маблағи шартномаи таҳсил гуфтугузор зиёд аст. Магар дар шароити имрӯза ва пандемия, ки мардум даромади кофӣ надоранд, гарон кардани нархи таҳсил дуруст аст? Умуман, соли таҳсили равон маблағи шартномаи донишҷӯён тағйир меёбад?
— Якум, зиёд ва бетағйир мондани нархи таҳсили муассисаҳои таълимии кишвар, аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Баъдан, он ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар асоси замима-иҷозатномаи пешбурди фаъолияти муассиса мувофиқа мегардад.
Дуюм, бо назардошти сатҳи таваррум ва беқурбшавии пул, дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ ба меъёри маблағи таҳсил барои соли таҳсили 2020 — 2021 тағйирот ворид карда шудааст. Яъне, тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи муассисаҳои таълимӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ихтисосҳое, ки довталаб зиёд доранд, аз 3 то 9% зиёдшавии маблағи соли таҳсил ба назар расид. Ҳамзамон, ихтисосҳое, ки нисбатан талабот камтар аст, баръакс, камшавии меъёри маблағ низ мушоҳида карда шуд. Илова ба ин, дар баъзе аз ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ маблағи шартномаи таҳсил то 10 фоиз кам карда шуд.
Усмон Раҳимзода,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ