Аз гиряи модар то Маркази тестӣ
Гуфтугӯйи мустақими Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон»
Санаи 17-уми апрел дар идораи «Тоҷикистон» аз соати 10 то 12 гуфтугӯи мустақими телефонии хонандагони ҳафтанома бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид баргузор гардид.
— Шумо вазири маориф?
-Бале.
— Мегӯянд шумо танҳо бо телефон ҷавоб медиҳед, ман дар паси дари ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, илтиҷо мекунам, як дақиқа шуморо бинам.
Садои гиряи занро дар телефон ҳама дар толор нишастагон мешуниданд.
-Хоҳарам, гиря накунед, дароед, бо камоли майл шуморо қабул мекунам.
Лаҳзае баъд зани гирён, аз дасти духтарчаи гулрӯе гирифта, вориди толор шуд. Вазир аз ҷой боло шуд ва ӯро ба наздаш даъват кард ва аз муддаояш пурсон гашт. Зан ашкрезон гуфт:
-Номам Турманова Садаф. Ман зани танҳо ҳастам, дар хонаи иҷора истиқомат мекунам. Духтарчаи ман аз 1,5 солагӣ — ба духтарчаи дӯстрӯйи ҳамроҳаш ишора карда, — ба боғчаи рақами 31 мерафт ва бинобар модари танҳо буданам, ман 50%-и маблағашро месупоридам. Аммо аз замоне, ки нархи боғчаҳо барои як нафар 80 сомонӣ шуд, аз ман маблағи пурраро талаб доранд. Охир ман имконияти додани маблағро надорам. –Садаф, боз зимоми гиряро сар дод…
— Шавҳаратон алимент медиҳад?
-Не, ӯ моро партофта рафт…
-Қодиров! Вазир ба Қодиров Сайвалӣ — сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм, ки дар қатори дигар ҳамроҳонаш дар толор менишаст, муроҷиат кард: -Ҳуҷҷатҳояшро омода кунед ва иҷозат диҳед, ки 50%-и маблағи боғчаро супорад.
-Боз як шикояти дигар дорам – бо сари хам ва афсурдаҳол садои зан баромад — Писари калониам дар мактаб-интернати варзишӣ мехонад, ҳоло аз ӯ 100 сомонӣ пули таъмир талаб доранд.
-Ариза навишта, ба дасти Қоидиров диҳед. Мактаб–интернати варзишӣ марбут ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёњии назди њукумати љт аст, мо дар ҳамкорӣ бо Кумита ин масъаларо дида мебароем.
Ин ҳодиса тахминан 20 дақиқаи гуфтугӯи мустақим сурат гирифт.
Дар як лаҳза чеҳраи афсурдаи Садаф равшан ва қомати хамидааш рост гардид.
-Ало, ин ҳафтаномаи «Тоҷикистон»? Ман ба вазир як суол доштам…
— Ман вазир, гӯш мекунам.
— Ассалому алейкум. Ман Темуров Баҳром, сокини ноҳияи Дӯстии (собиқ Ҷиликӯл) вилояти Хатлон ҳастам. Қобилияти биноиам хуб нест. Чанде пеш ҳамроҳи модарам ба қабули шумо рафта, барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат карда будам. Шумо ба аризаам имзо карда, ба назди мудири шуъбаи маориф фиристодед. Аммо мудири маориф аризаи маро гирифта гуфт, ки имконияти бо кор таъмин карданро надорад. Бигӯед, ман чӣ кор кунам, маълумотам олӣ, шумо чӣ тавсия медиҳед?
-Омадани шуморо дар ёд дорам. Сардори раёсати кадри вазорат ин ҷо дар назди ман аст. Ҳозир супориш медиҳам, имрӯз баъд аз нисфирӯзӣ ё пагоҳ саҳар шуморо дар мактаби ба хонаатон наздиктарин ба кор таъмин мекунанд. Наздиктарин мактаб ба ҷойи зистатон кадом аст?
-Мактаби рақами 27, дар шаҳраки Дӯстӣ.
-Рақами телефонатонро диҳед. Имрӯз баъди нисфирӯзӣ ба шумо занг мезананд ва дар китобхонаи мактаби рақами 27 шуморо бо кор таъмин менамоянд.
Вазир ба сардори раёсати кадр рӯй меорад:
— Чаро назорат намекунед? Дидед,мудири шўъбаи маориф дастурро иҷро накардааст. Худи ҳамин рӯз занг зада, ӯро ба кор таъмин кунед. Ман ин ҷавонро ёд дорам, ӯ мебинад, тамоман нобино нест. Маълумоташ олӣ. Алҳол дар китобхонаи мактаб кор кунад, аз оғози соли нави таҳсил боз ба ин масъала бармегардем.
Турманова Садаф, модари танҳое, ки ҳамроҳи духтарчааш ба назди вазир омад, то арзашро гӯш кунад…
— Квотаҳое, ки барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат меояд, тавассути Вазорати маориф ва илм роҳандозӣ мешавад. Лутфан бигӯед, ки айни ҳол аз ҷониби Вазорати маориф ва илм чӣ қадар донишҷӯён дар хориҷа таҳсил мекунанд?
-Аз рӯйи омори мавҷуда, айни ҳол дар хориҷи мамлакат 30 000 донишҷӯёи тоҷик таҳсил менамоянд. Танҳо дар Русия, ки ман дирӯз аз сафари корӣ аз он ҷо баргаштам, 21 600 нафар донишҷӯёни мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли гузашта мо 4876 нафар донишҷӯйро ба хориҷи мамлакат фиристодем ва қарор аст, ки имсол низ ҳамин миқдор донишҷӯёнро фиристодем. Аллакай аз ҷониби донишгоҳҳои Федератсияи Русия озмун баргузор шуд, ки дар даври аввали он 5 000 нафар ширкат варзиданд, ки 600 нафарашон қабул шуданд. Хушбахтона, имсол аз ҷониби маблағҳои федеративии Русия барои тоҷикон 200 ҷойи дигар зиёд ҷудо шудааст, ҳамчунин Ҷумҳурии Халқии Хитой 7 ҷойи иловагӣ ба мо додааст. Гузашта аз ин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чандин донишгоҳҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Малайзия, Полша, Кипр, Туркия, Эрон, Беларусия ва даҳҳо давлатҳои дигар қарордодҳои дуҷониба дорад, ки тибқи онҳо донишҷӯёни тоҷикро ба воситаи Стипендияи президентии “Дурахшандагон” ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар мефиристем. Илова бар ин, чандин вазоратҳову корхонаҳои дигар квота доранд. Хоҳишмандон метавонанд, ки дар озмунҳое, ки роҳандозӣ шуда, тариқи ВАО расман эълон мешавад, ширкат карда, тариқи Маркази миллии тестӣ имтиҳон супорида, ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил шаванд. Имсол мо имтиҳонҳои донишгоҳҳои берунаро ҳам тариқи Маркази милии тестӣ роҳандозӣ кардем, то ҳаннотон онро ба бозори пулшӯйӣ табдил надиҳанд.
— Муҳтарам вазир, ман Умед Султонов, дар Маскав бо баҳои хубу аъло таҳсил мекардам, бинобар мутобиқ набудани иқлим саломатиам бад шуд, ба Душанбе баргаштам. Оё метавонам таҳсиламро дар Тоҷикистон идома диҳам?
-Албатта, ин ҳалшаванда аст. Агар донишҷӯ фиристодаи мо бошад, мо ӯро дастгирӣ мекунем, то таҳсилаш дар Тоҷикистон идома ёбад. Аммо ин ҷо як мушкилӣ ҳаст. Вақте мо имтиҳонро тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ мондем, онҳое, ки саводи кофӣ надоранд, рафта, дар донишгоҳҳои хориҷӣ ба гурӯҳҳои шартномавӣ дохил шуда, баъдан бо навбат бо “иқлим мувофиқат накард”, “аллергия шуд”,” вазъи оилавиамон мусоид нест” ва дигар баҳонаҳо нияти ба Тоҷикистон баргаштанро мекунанд. Дар дасти мо зиёда аз 500 аризаҳои ҳамсон мавҷуд аст, ки албатта, мо ба ин афрод иҷоза намедиҳем. Масалан, донишҷӯ саводи кофӣ надорад, аммо рафта дар вилояти Боткенти Қирғизистон ба гурӯҳи шартномавӣ дохил шуда, аз нимсола мехоҳад ба Тоҷикистон интиқол ёбад. Мо ба ин гуна нафарон мегӯем, ки рафта, аз нав тариқи Маркази миллии тестӣ имтиҳон супорида дохил шавед.
— Оё мактабҳои Тоҷикистон пурра бо омӯзгорон таъмин ҳастанд?
-Масъалаи норасоии кадрӣ дар соҳаи маориф ҳалли худро аллакай ёфтааст ва имрӯз 124 ҳазор омӯзгор дар мактабҳои мо машғули коранд. Аммо ба як нукта диққат диҳед: норасоии табиии кадрӣ ҳаст. Норасоии табиӣ чист? Омӯзгор вафот мекунад, вобаста ба синну солаш ба нафақа мебарояд, бемор мешавад, корношоям мешавад, касбашро иваз мекунад. Илова бар ин, 68%-и соҳаи маорифро занҳо ташкил медиҳанд, ки аз ин 38-40% занҳои қобили таваллуданд ва ин нафарон ба рухсатии ҳомиладорӣ ва рухсатии нигоҳубини тифл мебароянд. Бинобар ин, ҳамасола зарурати омода намудани 3,5 – 4 ҳазор кадр ба миён меояд, ки аз ҳисоби хатмкунандагони донишгоҳу колеҷҳои омӯзгорӣ таъмин карда мешаванд. Ҳоло дар мактабҳои Тоҷикистон норасоии кадрӣ 229 нафарро ташкил медиҳад, ки асосан муаллимони ихтисосҳои забонҳои русиву англисӣ, информатика, математика, физика ва химия ҳастанд. Мо бо дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон теъдоди қабул ба ихтисосҳои зеринро ба роҳ монда будем, аммо дар дигар вазорату идора ва корхонаҳо ба ин ихтисосҳо талабгор зиёд аст. Бинобар ин, мо дар ин соҳаҳо танқисӣ мекашем. Сабаби дигари норасоии кадрӣ дар он аст, ки мо омӯзгорони ғайриихтисосро кам карда истодаем. Ғайриихтисосҳо кистанд? Масалан, факултети журналистикаро хатм кардаасту забону адабиёти тоҷик дарс медиҳад, агроном аст биология, иқтисодчӣ математика дарс медиҳад. Инҳо ҳуқуқи кор кардан дар мактабро надоранд, зеро педагогикаву психологияи мактабҳои миёнаро нахондаанд. Мо чунин афродро, бо сабабе ки солҳои зиёд кор кардаанд, аз кор намеронем, аммо тавсия медиҳем, ки маълумоти дуюм гиранд. Маълумоти дуюм, шартномавӣ буда, барои дохилшавӣ имтиҳон гирифта намешавад, довталаб танҳо тариқи суҳбат ба донишгоҳ қабул карда мешавад. Дигар сабаби норасоии кадрӣ ба нафақа баромадани омӯзгорон аст.
Лаҳза аз Гуфтугӯйи мустақими телефонӣ бо вазири маориф ва илм дар идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон»…
— Муҳтарам вазир. Ман Кенҷаева Махфират, омӯзгори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ ҳастам ва аз фанни мантиқ ба донишҷӯён дарс мегӯям. Як пешниҳод дорам:бисёр хуб мебуд, агар фанни мантиқ дар мактабҳои миёна дарс дода мешуд. Зеро вақте ман бо донишҷӯён суҳбат мекунам, онҳо низ дар ҳамин ақида ҳастанд.
-Муаллимаи азиз, системаи маорифи мо дар фазои маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва давлатҳои аъзои ШОС қарор дорад. Омӯзиши мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин кишварҳо нишон медиҳад, ки тадриси мантиқ ба роҳ монда нашудааст. Ин як. Тарафи дувум барои ба роҳ мондани ин ё он фан аввал маблағгузории ҷиддӣ лозим, дувум буҷаи вақт. Буҷаи вақти мо аз давлатҳои Аврупо андак камтар, вале баробар ба давлатҳои аъзои ИДМ аст. Азбаски нуфуси аҳолии мо бисёр баланд, 2,3 то 3% -ро ташкил медиҳад, мо буҷаи вақтро базӯр истифода мекунем. Мактабҳои мо дар ду баст пурра банд ҳастанд, басти аввал тамом шуда, баъди 10 дақиқа басти дувум оғоз мешавад. Бинобар ин, мо имконияти зиёд кардани соатҳои дарсиро надорем. Дар баробари ин ба иттилоти шумо мерасонам, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Нуриддин Саид ва доктори илми фалсафа профессор Саид Аҳмадов китоби «Мантиқ» навишта истодаанд, ки ба наздикӣ ба дасти хонандагон мерасад. Ин китоб аввалин асар доир ба ин фан дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Пештар дар замони шӯравӣ Болтаев чунин як китоб навишта буданд ва устодони ДМТ як китоби муаллифони русро тарҷума карда буданд, ки то ҳол мавриди истифода қарор дошт.
-Ман Умаров Кароматулло аз вилояти Хатлон занг мезанам. Соли 2008-ум баъди хизмати ҳарбӣ ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа супоридам. Аммо баъди ба итмом расонидани нимсолаи аввал ва супоридани имтиҳонҳо бо сабабҳои оилавӣ донишгоҳро раҳо карда, ба Федератсияи Русия рафтам. Баъди омадан аз донишгоҳ ба ман гуфтанд, ки ту аз курси аввал хориҷ шудӣ ва имконияти аз навбарқароркуниро надорӣ. Оё ман ҳуқуқи идома додани таҳсилро дорам?
-Додари азиз, вазири маориф ва илм салоҳият дорад, ки ба таври истисно дар сурати бо баҳои аъло супоридани имтиҳонҳои нимсолаи аввал аз курси як ба донишгоҳ барқарор кунад. Шумо муроҷиат кунед, мо ҳал мекунем.
— Вазири муҳтарам, аз шаҳри Хуҷанд занг мезанам. Набераам дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар гурӯҳи буҷавӣ бо баҳои чору панҷ таҳсил мекунад. Мехостам донам, ки ӯ метавонад магистратураашро дар гурӯҳи буҷавӣ идома диҳад?
-Албатта, метавонад, зеро магистратура ҳам гурӯҳи буҷавӣ дорад, ҳам шартномавӣ. Лекин ин ҷо як нозукӣ ҳаст. Афроде ҳастанд, ки бо роҳи ошнобозӣ мехоҳанд дар магистратура хонанд. Мо ба ин роҳ намедиҳем. Магистр кӣ аст?Магистр оянда доктори илм, профессор аст. Бинобар ин, мо кӯшиш мекунем, ки дар магистратура фақат аълохонҳо дохил шаванд.
— Муҳтарам вазир, шумо файласуф, доктори илм, профессор ҳастед. Аммо соли гузашта тавофи Ҳаҷ кардед. Лутфан бигӯед, ки дар Ҳаҷ чӣ эҳсос доштед?
-Саволи аҷиб ва хуб аст. Файласуфон ба дин муносибати илмӣ доранд. Файласуфон ба дин ва муносибатҳои динӣ нигоҳи бунёдгароӣ ё фанатикиву хурофотӣ надоранд ва ҳеҷ гоҳ надоштанд. Аз Афлотуну Арасту сар карда, то Синову Ибни Рушд, ки асосгузорони фалсафа ҳастанд, чунин буданд. Ман бо назари мунаввар ва илмӣ ба Ҳаҷ ворид шудам ва бисёр озод, мисли мусалмони асил худамро эҳсос кардам. Сипос аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маро дар сафари Макка ҳамроҳашон гирифтанд ва ба ман муяссар шуд, ки ба дохили Ҳарамайни шарафайн ворид шавам. Дар робита ба ин як байти Мавлоноро мисол меорам, ки мегӯяд:
Мо дар намоз саҷда ба дидор мекунем,
Э войи он касе, ки саҷда ба девор мекунад.
Бо ин чӣ гуфтан мехоҳам, худатон фаҳмед.
-Номи ман Самандар аст. Донишҷӯ ҳастам аз шаҳри Қӯрғонтеппа занг мезанам…
Қиссаи мурғи Самандар пеши мо бегона нест,
Саргузашти миллати печидарфарёди ман аст.
-мегӯяд Бозор Собир. Бисёр номи хуб дорӣ, Самандар, суолатро деҳ.
-Ман айни ҳол донишҷӯи соли 5-уми факултети таъриху ҳуқуқи Донишгоҳӣ давлатии Қӯрғонтеппа ҳастам. Дар гурӯҳи буҷавӣ таҳсил мекунам. Аммо мехоҳам, ки таҳсиламро дар магистратура, дар пойтахт идома диҳам. Барои ин маро мебояд, ки дипломамро баробари хатм гирам. Оё ин гуна имкониятро дорам?
-Албатта, агар бо баҳои аъло хатм кунӣ, мо дипломатро ҳамон замон медиҳем ва ба магистратура мефиристем.
-Салом, вазири муҳтарам. Ман истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 11 ҳастам. Мехоҳам тариқи Маркази миллии тестӣ имтиҳонҳоямро супорида, омӯзгор шавам. Ман аз оилаи камбағал буда, падар надорам. Оё ман метавонам, ба гурӯҳи буҷавӣ дохил шавам?
-Метавонӣ, духтарам, ҳатман метавонӣ. Ту ихтисосҳои омӯзгориро интихоб намо. Методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ, педагогика психологияи томактабӣ, биология химияро интихоб намо. Зеро дар ин ихтисосҳо донишҷӯён камтар ҳуҷҷат месупоранд. Ҳангоми интихоб ягон гурӯҳи шартномавиро интихоб накун, зеро ту камбизоатӣ. Ҳамин насиҳати маро гӯш кун, ҳатман донишҷӯ мешавӣ.
— Муҳтарам вазир, ман истиқоматкунандаи маҳаллаи Испечак 2-и шаҳри Душанбе. Номам Сӯҳроб. Мо фаҳмидем, ки аз ин ба баъд барои роҳбарони синфҳо моҳпулӣ барҳам хӯрд, аммо дар мактаби маҳаллаи мо аллакай моҳпулии роҳбари синфро талаб доранд.
-Ҳама намуди пулҷамъкунӣ дар мактабҳо манъ карда шудааст. Агар талаба дарси иловагӣ гирифтанӣ бошад, бо мактаб шартнома мебандад ва тариқи бонк маблағ месупорад. Бурдани ҳама гуна пули нақд ба мактаб манъ аст. Мо ин соҳаро ба низом дароварда истодаем. Акнун шумо гӯед, ки дар кадом мактаб пул талаб доранд?
-Мактаби рақами 93
-Рақами телефонатонро гӯед
-985…
-Акнун телефони боварии вазирро нависед: 221 46 05, 221 70 41. Мо ҳатман ба шумо занг мезанем ва шумо ҳам дар ҳама ҳолат метавонед бо ҳамин рақамҳо ба мо занг занед. Имрӯз ё пагоҳ кормандони мо ба шумо дар робита мешаванд ва дар мактабе, ки шумо гуфтед, тафтиш оғоз мешавад.
— Маҳина Далатова аз шаҳри Душанбе ҳастам. Ман ду маълумот дорам, як маълумоти олӣ дар риштаи рӯзноманигорӣ ва як олии нопурра –хатмкардаи Коллеҷи тиббиам. Боз мехостам, ки дар ихтисоси химия ва биология маълумоти дувум гирам. Оё ман имконияти идома додани таҳсилро дорам? Ихтисоси дувум гурӯҳи буҷавӣ дорад? Низоми шартномааш чӣ гуна аст?
— Ҳама гуна маъулумоти олии дувуму севум дар Тоҷикистон пулакӣ аст. Шумо имтиҳон намесупоред, тариқи суҳбат дохил мешавед ва дар муддати 2,5 сол маълумоти дувум мегиред. Шартномаатонро бошад, метавонед 4 маротиба – ҳар квартал ё 12 маротиба – ҳар моҳ супоред. Шумо муроҷиат кунед, мо мусоидат мекунем.
-Мо волидайни хонандагон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба шумо – вазири муҳтарам чунин суол дорем: Чанд рӯз пеш ба ин мактаб директори нав омад. Пеш аз ӯ Замира Азизовна директор буд, ки ҳамагӣ 1 сол нашуда, ӯро аз вазифа гирифтанд. Фарзандони мо мегӯянд, ки Замира Азизовна муаллимаи сахтгиру серталаб ва кордон буд. Баъди директор шудани ӯ як бинои фарсудаи мактаб таъмир шуда, майдончаи варзишӣ сохта шуд. Дар синфхонаҳо ҳам камераҳои назоратӣ насб шуданд. Аммо чаро ӯро аз вазифаи директорӣ озод намуданд? Мегӯянд, ки ихтисоси директори нави ҳозира филологияи тоҷик аст. Дар соҳаи маориф ягон сол кор накардааст. Ин мактаб қариб, ки русӣ аст. Азбаски директори нав ба сардори Раёсати маорифи шаҳр наздикӣ доштааст, ба ин вазифа таъин кардаанд. Магар мешавад, ки бо роҳи шиносбозӣ соҳаи илму маорифи кишварро рушд дод? Ояндаи ин мактаб ва фарзандони мо чӣ мешавад? Роҳбар ҳам ба ояндаи инсон нақш дорад.
Давомаш дар шумораи навбатии «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ