Аз хонаи Холмуродзода 6 кило тилло ва 1 миллион доллар ёфтанд
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳангоми кофтукоб аз манзили Фирӯз Холмуродов, раҳбари собиқи раёсати тафтишотии Агентии мубориза бо коррупсия беш аз 1 миллион доллар пули нақд ва 6 кило тило ёфт шудааст. Рӯзи 27 апрел 38 корманди дигари ин Агентиро барканор кардаанд ва онҳо таҳти бозпурсӣ қарор гирифтаанд.Холмуродов рӯзи 20 апрел дастгир шуд ва ба зидди ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ – 247 (қаллобӣ) ва 316 (берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. 27 апрел боз 38 корманди Агентии мубориза бо коррупсияро аз мақомҳояшон барканор кардаанд. Ин 38 нафар, ба гуфтаи ин манобеъ, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, таҳти бозпурсӣ қарор доранд. Амалиёти густарда дар Агентии мубориза бо коррупсия беш аз як ҳафта боз идома дорад. То кунун дар бораи боздошти дастикам 17 нафар аз раҳбарони дар гузашта баландпояи ин ниҳоди масъули мубориза бо фасод гузориш шудааст.Дар байни онҳое ки дастгир шудаанд, мӯҳраҳои дар гузашта хеле калидии ин Агентӣ низ ҳастанд:
1.Давлат Хайров (Давлатбек Хайрзода) – муовини собиқи раиси Агентии мубориза бо коррупсия. Рӯзи 24 апрел ҳангоми кӯшиши фирор дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо Қирғизистон ва бино ба хабарҳои дигар, дар фурудгоҳи Хуҷанд ҳангоми нишастан ба парвози Маскав боздошт шуд. Хайров феълан ба қаллобӣ айбдор мешавад.
2.Ҷамолиддин Муҳаммадзода (Муборов), раҳбари собиқи раёсати кофтукоби ҷиноии Агентӣ ва раёсати ин ниҳод дар вилояти Хатлон, ки ахиран раҳбари бахши ташкилии Агентиро ба дӯш дошт. Муҳаммадзода низ ба қаллобӣ айбдор мешавад.
3.Фирӯз Холмуродов (Холмуродзода), раҳбари собиқи раёсати тафтишоти Агентӣ ва раҳбари гурӯҳи тафтишотии парвандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва ҳисобу китоби дороиҳои раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ. Холмуродзода рӯзи 20 апрел дастгир шуд ва ба зидди ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ парванда кушодаанд. Холмуродзода, бино ба хабарҳо, дар робита ба як парвандаи таҷовузи бачаи 10-сола низ таҳти тафтиш қарор дорад.
4.Фирдавс Мирзобадалов, писари собиқ муовини прокурори Суғд Абдуғаффор Мирзобадалов ва домоди собиқ котиби Шӯрои Амният Амирқул Азимов. Мирзобадалов, ки низ узви гурӯҳи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов буд рӯзи 24 апрел боздошт шуд.
5.Умед Камолов – писари собиқ вазири амният генерал Саиданвар Камолов ва низ узви гурӯҳи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов. Умед Камолов таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.
Исми боқӣ мансабдорони боздоштшудаи Агентии мубориза бо коррупсия ҳанӯз дастрас нест, вале гуфта мешавад, ки онҳо аксаран аз кормандони собиқи раёсатҳои тафтишот ва кофтукоби ҷиноии дафтари марказии Агентӣ ва раёсати он дар шаҳри Душанбе мебошанд.
Дар бораи ин боздоштҳои пурсарусадо то ҳол ягон хабар ё шарҳи расмӣ ахз сӯи мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон нашр нашудааст. Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 26 апрел дар ҳошияи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон дар посух ба суоли хабарнигорон аз шарҳи ҷузъиёти боздошти дастикам 17 мақоми баландпояи ин Агентӣ даст кашид ва танҳо гуфт, ки «ин ҳамааш махфӣ аст.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ