Маллабоевро пеш аз вохурӣ бо президент заданд

 

Шаби 25 ба 26 апрел дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон шахсони ношинос фаъоли 68-солаи созмони байналмилалии ҳуқуқи инсони «Клуби қалбҳои оташин» Исмоил Маллабоевро латукӯб карданд.»Афроди номаълум ба ман ҳамла карданд ва маҷбур шудам, ёрии таъҷилиро даъват кунам ва онҳо низ дар навбати худ ба пулис хабар доданд. Дар ҳоли ҳозир пулис ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Фикр мекунам, ин қазия ба фаъолияти касбии ман рабт дорад», — гуфт Маллабоев.Қарор буд, 26 апрел президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Фарғона боздид кунад. Фаъоли созмони «Клуби қалбҳои оташин» дар ин шаҳр вазифадор шуда буд, ки норозигии сокинони маҳаллиро аз кори хадамоти барқу газ ва хидматрасониҳои дигари коммуналӣ ба Мирзиёев расонад.»Ба ин ҳама осебҳои шадиду фишори равонӣ ва таҳдидҳо нигоҳ накарда, аз субҳ то ҳол пушти дари «Қабулгоҳи мардумӣ» дар Фарғона нишастаам, то бо муҳтарам Мирзиёев мулоқот кунам. Вале, мутаассифона, гуфтанд, ки президент намеояд ва ба ҷои ӯ масъулони дигар сокинонро қабул мекунанд. Сокинон аз ин қабулкуниҳо норозиянд», — афзуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *