Аз мукофотсупорӣ то муаррифии дастовардҳои илмию варзишӣ дар ДМТ
Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ дастовардҳои самтҳои гуногуни донишгоҳро муаррифӣ ва ғолибонро бо туҳфаҳои хотиравию мукофотпулӣ қадрдонӣ намуд.
Дар оғоз ба устодоне, ки дар самтҳои мухталиф дар КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА-и ФР рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд (Раҷабова Марҳабо — устоди факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, Муродов Назримад — устоди факултети таърих ва Назаров Тавакал — устоди кафедраи умумидонишгоҳии забони олмонӣ-фаронсавӣ), шаҳодатнома супорида шуд.
Дар идомаи ҷаласа зумрае аз устодону кормандон барои омода намудани донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва саҳм гузоштан дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин иштирок дар семинарҳои омӯзишии сатҳи байналмилалӣ бо Ифтихорномаи ДМТ ва мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Аз ҷумла, ғолибони озмуни байналмилалии «Муҳаққиқони беҳтарини ИДМ», Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ дар шаҳри Сириуси ФР, ғолиби Интернетолимпиада аз фанни химия (ташшабускор Донишгоҳи давлатии Туркманистон), ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» қадрдонӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ