Аз Низом Қосим то Ватанзода-аъзои нави Маҷлиси миллӣ

Бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аъзоёни нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таъин гардиданд.

Нафарони зерин узви палатаи болоии парлумон шуданд:

-Ватанзода Маҳмадалӣ, ҳуқуқшинос;
-Раҷабзода Ҳусния, раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
-Абдураззоқзода Гулнисо,  мудири муассисаи томактабии №2-и ноҳияи Лахш;
-Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
-Восифҷонзода Рухшона, директори муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д.Ушинский»;
-Нодирӣ Шаҳло,  директори муассисаи таълимии давлатии Литсейи №1-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд. 

Қаблан аз ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумони интихоб шуда буданд.

Бояд гуфт, ки 11 -уми апрели соли равон иҷлосияи даъвати ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мегузарад. Дар он раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image