Аз нокомӣ то номи донишҷӯӣ. ММТ ба довталабон шонси дубора медиҳад?
Натиҷаи имтиҳони дохилшавии довталабон ба макотиби олии кишвар 25-уми июл эълон шуд. Аммо аз 80 458 довталаб ҳамагӣ 57988 сазовори номи донишҷӯӣ шудаанд. Сарнавишти дигарон чӣ мешавад? Оё Маркази миллии тестӣ ба онҳо шонси дубора медиҳад?
Дар суҳбат бо довталабон
Марям хатмкардаи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор мебошад. Ӯ низ дар қатори дигарон довталаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Аз 500 бали муқарраршуда 486 бал ба даст овардааст. Ӯ ҳамчунин барои пирӯзӣ ва гирифтани мақоми сеюм дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни биология дар соли равон соҳиби 50 холи иловагӣ гардидааст. Дар маҷмуъ, соҳиби 536 хол шуда, аз Маркази миллии тестӣ смс-паём гирифт, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар бахши ройгон шудааст.
Зикрулло Тоҷиддинов, довталаб аз шаҳри Душанбе ихтисосҳои кластери дуюмро интихоб карда, дар имтиҳони дохилшавӣ иштирок намуда, дар натиҷа 136 бал ба даст овард. Бо ин бал ба гуруҳи шартномавии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар риштаи информатика роҳхат гирифт.
Ихтисосҳои интихобнамудаи довталаб Марям Ҳабибзода бошад, шомили кластери 5-ум аст. Азбаски довталабон дар ин гуруҳ назар ба дигар кластерҳо зиёданд ва бали бештар тақозо мешавад, Марям Ҳабибзода ноком шуд. Ӯ тамоми 12 ихтисосро ройгон интихоб карда будааст.
Назаре ба омори ММТ
Бино ба иттилои Маркази миллии тестӣ, нақшаи қабул дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 105 997 ҷой буда, аз ин 10189 ҷой ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 95808 ҷой ба муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ рост меояд. Аз ин ниҳод ба мо иттилоъ доданд, ки имсол дар ду марҳилаи бақайдгирӣ ҳамагӣ 96021 нафар довталаб аз марҳилаи бақайдгирӣ гузаштаанд. Аз ин 13303 нафар довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ ва 82718 нафар довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ташкил медиҳанд. Ин омор соли гузашта ба 103777 нафар баробар будааст. Аз довталабони аз марҳилаи бақайдгирӣ гузашта танҳо 80942 нафарашон дар ИМД иштирок намудаанд, ки 12197 нафари онҳоро довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ ва 68745 нафарашонро довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил медиҳад.
Довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд, 80458 нафар буда, 12139 довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ ва 68319 нафарро довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил медиҳад.
Имсол тибқи тақсимоти Маркази миллии тестӣ 57988 нафар довталабон ба муассисаҳои ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ роҳхат гирифтаанд. Аз ин 6179 нафар ба муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 51709 нафар ба муассиаҳои таҳсилоти олии касбӣ шомил хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки имсол макотиби миёнаи умумии кишварро 119936 нафар танҳо дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ хатм намудаанд.
Масъулини Маркази миллии тестӣ ба ин назаранд, довталабоне, ки ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил нашудаанд, имкони иштирок дар тақсимоти такрорӣ доранд. Ин гуруҳи довталабон 22470 нафарро ташкил медиҳанд.
Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ дар суҳбат ба мо изҳор дошт, ки “агар довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ комёб нагардида бошад, имкон дорад, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ, ки баъди озмуни мазкур дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондаанд, иштирок намояд. Озмуни тақсимоти такрорӣ низ дар асоси бали аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталаб, яъне бе супоридани имтиҳон баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав ба қайд гирифта шаванд. Барои азнавбақайдгирӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешавад. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ довталабон имкон доранд дар доираи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо ҷойҳои холӣ мавҷуданд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд. Озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯзҳои 12-15-уми август баргузор гардида, натиҷаи он 19-уми август муайян мешавад”.
Муаммои ҳалношуда
Имсол чун ҳамешагӣ довталабон ихтисосҳоеро интихоб кардаанд, ки бештар маъруфият доранд. Аз ҷумла, ҳуқуқшиносӣ, дипломатия, тибу забонҳои хориҷӣ ва иқтисодиёт, ки ҳам нархи таҳсилашон гарону ҳам талаботашон бештар аст. Аммо дар риштаи техника то кунун майли довталабон камтар боқӣ мондааст. Ин боис ба он мегардад, ки на дар ҳамаи гуруҳҳои таҳсил нақшаи донишҷӯён пурра мешавад. Дар натиҷа баъзан гуруҳ баста мешавад ё теъдоди кам донишгоҳро хатм мекунанд. Муаммоест, ки то ҳол роҳи ҳалро пайдо накардааст.
Умедворем, ки ояндаи наздик масъулини соҳа дар кушодани ин муаммо дасту остин бармезананд.
Идибеки САИД, коромӯзи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ