Аз пешгӯиҳои тахминӣ то воқеияти иқтисоди Тоҷикистон (видео)
Суҳбати ошкоро бо собиқ раиси Бонки миллӣ, профессор Шариф Раҳимзода
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ютубканали Pressa.tj лоиҳаи ҷадид таҳти номи “Бо далел” ба роҳ монд. Меҳмони аввалини барнома собиқ раиси Бонки миллӣ ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва ҳоло директори Институти иқтисод ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода буд. Суҳбати мо бо Шариф Раҳимзода атрофи ҳолати имрӯзаи иқтисоди кишвар, монеаҳо, низоми бонкдорӣ ва дигар масоили мубрам сурат гирифт.
Иқтисод ислоҳот мехоҳад
— Устод, имрӯзҳо машғули чӣ кор ҳастед?
— Се сол аст, ки ба сифати директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорам. Фаъолияти институт бештар ба тадқиқоти бунёдӣ дар самти иқтисодиёт равона шудааст. Олимони институт дар мавзуҳои муайян кор мекунанд ва натиҷаи тадқиқоташон ба сохторҳои давлатии кишвар барои омӯзишу амал фиристода мешавад. Банда ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс мегӯям.
— Шумо қаблан дар блоки иқтисодии кишвар вазифаҳои калидиро иҷро мекардед. Аз ҷумла, раиси Бонки миллӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо будед. Аз нигоҳи шумо, имрӯз иқтисоди кишвар дар кадом ҳолат қарор дорад?
— Иқтисодиёти Тоҷикистон ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисоди ҷаҳон аст ва наметавонад дар алоҳидагӣ рушд кунад. Ҳар тағйироте, ки дар иқтисодиёти ҷаҳон мешавад, хоҳ — нохоҳ ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. Вале, хушбахтона, сиёсати Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки мо бояд ҳамеша рушди иқтисодро таъмин намоем. Мисол, соли 2020 пандемия ба иқтисодиёти мо ҳам таъсири манфӣ расонд, вале камтар. Иқтисодиёти бисёре аз кишварҳо ба таври нишонрас поён рафт. Ҳамон вақт бисёриҳо пешниҳод карданд, ки дар кишвар карантини шадид ҷорӣ шавад, вале мо таҳлил карда, ба хулоса омадем, ки ин ба иқтисодиёт зарари ҷиддӣ мерасонад. Агар кор накунем, пас мо истеҳсол намекунем. Он гоҳ сатҳи истеҳсолот ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ поён меравад. Бинобар ин, соли 2020 ҳарчанд маҷбур шудем, ки бозорҳоро маҳкам кунем, ҳудуди фаъолияти баъзе муассисаҳоро маҳдуд намоем, аммо тавонистем, ки сатҳи рушди иқтисодиётро то 4,5 фоиз таъмин намоем. Соли 2021 бошад, рушди иқтисоди Тоҷикистон ба 9,2 фоиз расид. Ҳол он ки, ин дар сатҳи ҷаҳонӣ 2-3 фоиз бештар набуд. Соли 2022 бошад, ин нишондиҳанда 8 фоизро ташкил намуд.
— Шумо чӣ ислоҳотро дар иқтисоди мо дидан мехоҳед?
— Якум, мутобиқ кардани сохтори идоракунии иқтисодиёт ба ҳар тағйироте, ки дар он ба миён меояд. Агар мо мехоҳем як амали наверо анҷом диҳем, бояд сохторе бошад, ки онро ба роҳ монад ё тадбиқ кунад.
Дуюм, тағйирот дар муносибатҳои байналмилалӣ. Яъне, бо дигар шудани талаботи ҷаҳон фаъолияти худро дигар бояд кунем. Бубинед, намуди фаъолиятҳое ҳастанд, ки бо мурури замон аз байн мераванд. Бо пайдо шудани “QR код” ва ҳар гуна амалиёти рақамӣ, талабот ба хазиначӣ ва дигар намудҳои фаъолият камтар мешавад. Оҳиста-оҳиста бархе аз корҳои ҷисмонӣ аз байн мераванд. Бинобар ин, марказҳое лозиманд, ки одамонро омӯзанд, фаъолияти онҳоро ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонанд, вагарна мо қафо мемонем.
— Бонки Осиёии Рушд дар гузориши тозааш пешгӯӣ мекунад, ки соли оянда иқтисоди Тоҷикистон аз сатҳи 5,5% боло намеравад. Вале шумо хушбин ҳастед, ки рушди иқтисоди мо аз 8% бештар мешавад.
— Асосан, гузоришгарони ин бонк ба таҳримҳои Ғарб нисбат ба Русия такя мекунанд. Масалан, соли 2021 рушди иқтисодиёти моро Бонки умумиҷаҳонӣ дар сатҳи 3% ва Бонки Осиёии Рушд бошад, ҳамагӣ 2% пешгӯйӣ карда буданд. Инҳо таҳримҳоро нисбат ба Русия ва таъсири онро ба иқтисоди Тоҷикистон асос мегиранд. Аммо дар асл, иқтисоди Тоҷикистон дар ин давра 8% боло рафт.
Дигар ин ки, иқтисоди мо чун пештара аз муҳоҷирони дар Русия буда вобаста нест. Аллакай шаҳрвандони мо рӯ ба кишварҳои Араб, Аврупо, Амрико, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия ва ғайра оварда истодаанд. Бинобар ин, таъсири вазъи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон амиқ буда наметавонад.
— Бо чӣ далел инро мегӯед?
— Чунки дар Тоҷикистон пайваста корхонаҳои нав пайдо шуда истодаанд. Инҳо ба истеҳсоли маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ машғуланд, ки боиси беҳ шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад…
— Умуман, рушди иқтисоди Тоҷикистон ба чӣ вобаста аст?
— Пеш аз ҳама ба истеҳсолот. Иқтисодиёт ин хоҷагидорӣ аст. Мардумро ба коре, ки зиндагиашонро таъмин мекунад, сафарбар намудан лозим аст. Ва ин бо суръати зарурӣ иҷро шуда истодааст.
Аз вазъи андоз то сармоягузорӣ
— Шумо ва дигар коршиносони масоили иқтисодӣ борҳо аз баланд будани мизони андоз дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаед. Далели ин қадар миёншикан будани меъёри андоз дар Тоҷикистон чист?
— Пас аз қабули Кодекси нави андоз ба соҳибкорон то андозае сабукӣ дода шудааст. Зеро низоми маъмурикунонии андоз дигар шуд. Имрӯз андозсупоранда дар хона ё ҷойи кораш истода, имкон дорад, ки ҳисобот супорад. Ҳамчунин, ба қисми бештари андозсупорандагон имтиёз дода шудааст. Мо 170 000 хоҷагиҳои деҳқонӣ дорем, ки барояшон бисёр низоми содда ҷорӣ шудааст. Ё 105 000 нафар бо патент фаъолият доранд. Инҳо фақат охири сол ба мақомоти андоз декларатсия пешниҳод мекунанд. Аммо як нозукӣ низ дар инҷо вуҷуд дорад. Агар як нафар аз патент 300 сомонӣ супорад, аммо дар асл намедонад маблағи аслие, ки бояд супорад, чӣ қадар аст. Бинобар ин, ӯ доимо норозӣ мемонад. Ин ба маърифати молиявии мардум низ рабт дорад.
Масалан, дар мамлакатҳои Аврупо тамоми амалиёт ба қайд гирифта мешавад. Фаъолияти онҳо вобаста ба фоида андозбандӣ мешавад. Дар баробари ин, албатта андозҳое ба мисли аз ҷиҳозу моликият вуҷуд доранд, ки бидуни таъхир супорида мешаванд.
Боз дар кишварҳои дигар ҳисобдорӣ аст. Русҳо онро “бухгалтерский учёт” меноманд. Пеш мо ҳам онро доштем. Вақте ки хоҷагиҳоро ҷудо кардем, ҳама аз байн рафтанд. Хусусан, дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ касе парвое надошт. Ҳоло албатта он вуҷуд дорад, вале дар шумораи ками хоҷагиҳо, тахминан 9% . Ҳисобдорӣ бояд ҳатмӣ бошад ва мо бояд ба он баргардем. Ҳам аз нуқтаи назари давлатдории анъанавӣ ва ҳам шариат он ҳалолии кор ё фаъолиятро таъмин менамояд. Ҳар касе, ки фаъолият мекунад, бояд донад, ки чӣ қадар харҷ карду чӣ қадар фоида гирифт.
— Аммо мегӯянд, ки дар баъзе кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳоло патент вуҷуд надорад…
— Бале. Баъзе кишварҳои собиқ шӯравӣ аллакай ба низоми Аврупо шомил шуданд. Мо ба Латвия, Литва сафар доштем. Мафҳуми патент вуҷуд надорад. Дар Аврупо ҳам чунин аст. Ҳар касе бо пул сарукор мегирад, бояд амалиётҳои он ба қайд гирифта шавад. Вобаста ба қайди саросарии амалиётҳо дар Аврупо имкони додану гирифтани пора хеле маҳдуд аст.
— Дар Тоҷикистон раванди барҳамхӯрии фаъолияти соҳибкоронро бештар мушоҳида мекунем. Ҳатто бархе фаъолияти соҳибкориро дар давлатҳои ҳамсоя ва Русия давом медиҳанд. Чаро чунин аст? Магар онҳоро дар кишвар нигоҳ доштан мушкил аст?
— Сармоя мисли кабӯтар аст. Агар меҳрубонӣ кунед, дар атрофатон чарх мезанад. Агар занед, онро дигар дар замин намебинед. Шаҳрҳое ҳастанд, ки майдонашон пур аз кабӯтар аст.
— Яъне сармоя бояд озод бошад?
— Албатта, он комилан озод буда наметавонад. Вақте ки сармоя аз хориҷ меояд, бояд донед, ки барои чӣ сарф мешавад. Агар бар зарари мо бошад, набояд он роҳ ёбад. Барои он ки чунин нашавад, назорат зарур аст. Вале шароите бояд сохт, ки ҳам ба манфиати мо бошад, ҳам сармоягузор розӣ шавад.
“Гургҳо” дар дорухонаву бозор
— Дар мавриди иқтисоди пинҳонӣ ҳам зиёд мегӯянд. Тоҷикистон иқтисоди пинҳонӣ дорад?
— Албатта. Он ҳангоми ҳисоби Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба инобат гирифта мешавад. Як сабаби вуҷуд доштани он ҳатмӣ набудани ҳисобдорӣ аст. Мо алҳамдулиллоҳ мусалмонем. Лекин дар масъалаҳои алоқаманд ба фоида мусалмониамон таҳти савол мемонад. Мисол, як рӯз пеш аз Рамазон ва пас аз он ё ҳар гуна идҳо нархи маҳсулот ба маротиб боло меравад. Ҳол он ки, бештари онҳое, ки дар бозор нишастаанд, ҳоҷиҳо ҳастанд. Вақте ки масъалаи пулу даромад шуд, ислом як тараф мемонад.
— Барои чӣ чунин аст?
— Ҳоло сер накардаем. Чашмашон гурусна аст. Онҳое, ки дар бозор менишинанд, камбағал нестанд. Онҳо ба синфи миёна дохил мешаванд. Онҳо муаллими мактаби миёна нестанд, ки бо маош тоқат кунанд. Онҳо даромад доранд. Онҳо аллакай ба пулкоркунӣ одат кардаанд. Ҳам аз мағозаашон фоида мегиранд ва ҳам ягон сарчашмаи иловагии даромад доранд. Вале ҳамин ки фурсат ёфтанд, нархро мебардоранд. Аз ҳама даҳшатовартарин бардоштани нархҳо ин давраи пандеми6я буд. Бубинед, ҳамаи онҳое, ки дар дорухонаҳо кор мекунанд, мусалмонанд. Вақте ки коронавирус омад, якбора нархи дорувориро даҳчанд бардоштанд. Мисли гургҳо буданд, ки ба мардум чун ба гӯсфанд нигоҳ мекарданд. Магар ҳамин аст мусалмонӣ?
— Ба бисёр давлатҳо сафар доштед. Дар Аврупо низ фаъолияти дипломатӣ кардед. Магар ҳама ҷо чунин аст?
— Не. Шумо дар Русия чунин карда наметавонед. Агар дар Москва як дору хариданӣ бошед, ба интернет медароед, номгӯи доруро менависед, аллакай пешниҳоди нархҳо мешавад. Дорухонаҳо нархҳоро бардошта наметавонанд, агар чунин аст, харидор дигар онҷо намеравад. Дар Аврупо низ айнан чунин ҳолат аст. Аммо дар мо чунин нест. Вақте ки вориди аптека мешавед, чӣ нархе гӯянд, мехаред. Яъне, шумо имкони интихоб надоред. Агар дар мо ҳам чунин низом ҷорӣ шавад, соҳибони аптекаҳо танҳо бо якдигар рақобат карда метавонанд.
— Шумо худ ба бозор меравед?
— Аслан, фарзандам ба хариди хона машғул аст. Аммо ҳамчун иқтисодчӣ барои шинос шудан ба вазъи воқеии бозор баъзан барои мушоҳида меравам. Бозорро чарх мезанам, бо фурӯшандаҳо суҳбат мекунам…
— Чӣ шуморо дар бозор нороҳат мекунад?
— Аввал, набудани ҳисобдорӣ. Мо ҳамаамон дар ҷайбамон кортҳои бонкӣ дорем. Аммо кортҳоро барои гирифани пули нақд истифода мебарем. Мо кассирҳои бонкро ба банкоматҳои бонк иваз кардем. Дар хориҷа аз банкоматҳо аз 20 евро зиёд намегиранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ аз банкомат маош намегиранд. Дар ҳама гуна хизтматрасонӣ кортро истифода мебаранд. Ҳамаи ин ба қайд гирифта мешавад. Аммо дар мо чунин нест.
Баъдан, фарҳанги муносибат. Бозор одамонро маҷбур мекунад, ки андак меҳрубон бошанд, то харидор нагурезад. Мо бояд оҳиста — оҳиста аз бозорҳои калон даст кашем. Бозор хоси кишварҳои қафомонда ва муваққатӣ аст. Бояд ба марказҳои хурду бузурги тиҷоратӣ гузарем. Вақте ки ба хариду фурӯши электронӣ мегузарем, мағозаҳои хурд ҳам аз байн мераванд.
Мусоҳиб Усмон Раҳимзода
Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»
P.S Суҳбати мукаммали видеӣ бо Шариф Раҳимзодаро дар ютубканали Pressa.tj тамошо кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ