наручник

Боздошти корманди Раёсати кишоварзии Конибодом бо гумони тамаъҷӯӣ

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як нафар корманди Раёсати кишоварзии шаҳри Конибодомро барои тамаъҷӯӣ дастгир кардаанд. Дар ин бора Раёсади ВКД дар як барномаи телевизионӣ хабар дод.

“Шуҳрат Ахмедови 52-сола, ки ба ҳайси муовини сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом фаъолият мекардааст, моҳи феврал барои иҷрои хизматрасонӣ оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ва гирифтани қарори дахлдор аз як нафар сокини шаҳри Конибодом барои решакан кардани 8 бех дарахти зардолуи боғи шахсияш бо роҳи тамаъҷӯӣ 800 сомонӣ талаб карда гирифтааст”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Нисбати ӯ бо моддаи 324-и КҶ (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) парванда боз шуда, дар рафти тафтишот бо моддаи 247 (қаллобӣ) бандубаст гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *