Аз Бохтар то Душанбеву Бадахшон. Содироти пиёзи Ҷайҳун оғоз шуд?

Як ҳафта мешавад, ки кишоварзон дар ноҳияи Ҷайҳун ба ҷамъоварии пиёз оғоз кардаанд. Бо вуҷуди пурра пухта нарасидани он аллакай ин навъи маҳсулоти дар ҳоли ҳозир қиммат то бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Бадахшон содирот шудааст.

Диловаршо Собирзода, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ҷамъоварии асосӣ ва пурраи ҳосили пиёз 20-уми апрел оғоз мешавад. “Ҳоло барои муътадил кардани нарх ва таъмини сокинон кам-кам содирот карда истодаем. Дақиқ гуфта наметавонем, ки чанд тонна содирот шудааст. Шояд каму беш 400 тонна бошад”,- афзуд вай.

“Пиёз ҳоло пурра напухтааст. Аз ҳамин сабаб онро зиёд нигоҳ дошта намешавад. Аз чанд хоҷагӣ кам-кам ҷамъоварӣ кардем. Асосан 20-уми апрел ҷамъоварии пиёз шуруъ мешавад. Як килограмм пиёз бо нархи 3,5 то 4,5 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Хушбахтона, ҳосил ҳам хуб аст”,- гуфт ҳамсуҳбатамон.

Диловаршо Собирзода афзуд, ки имсол дар ноҳияи Ҷайҳун майдони кишти пиёз ба 3 ҳазору 400 гектар расонида шуд. Ӯ мегӯяд, ки “аз як гектар бештар аз 400 сентнер ҳосил мегирем”.

Мутаассифона, чанд моҳи охир қимати як килограмм пиёз дар бозорҳои кишвар то ба 12 сомонӣ расид, ки ин нигаронии сокинонро ба бор овард. Бо вуҷуди баланд будани нархи пиёз, ин навъи маҳсулот дар баробари картошка дар рӯзгори мо ҳамчун маҳсулоти асосӣ бештар истифода мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *