Аз таҳти дил бихандед!
Корманди хуб
Санавбат ба Лола занг зада, мегӯяд:
— Лола, дар куҷоӣ? Шеф туро як соат боз мекобад.
Лола дар ҷавоб мегӯяд:
— Ба шефамон гӯй, ки корманди хубро ёфтан душвор аст!
Мактаби мусиқӣ
Шавҳар ба занаш мегӯяд:
— Латофат, ба фикрам, ту дар мактаби мусиқӣ таҳсил кардаӣ?
Зан дар ҷавоб:
— Ман ягон хел мактаби мусиқиро нахондаам!
Шавҳар мегӯяд:
— Ин тавр бошад, барои чӣ ҳар рӯз консерт нишон медиҳӣ?
Нобоварӣ
Падар аз писараш мепурсад:
— Ман ба ту даҳ дона себ медиҳаму сетояшро гашта мегирам. Дар дасти ту чӣ мемонад?
Писар дар ҷавоб:
— Нобоварӣ…
Дарк
Пиразане аз дугонааш мепурсад:
— Ҳамин ту фаҳмида метавонӣ, ки дар дунё чӣ гапу корҳо шуда истодааст?
Дугонааш мегӯяд:
— Ба ту чӣ хел фаҳмонам…
Пиразан гапи дугонаашро бурида, мегӯяд:
— Ман худам ҳам мефаҳмам, вале дарк карда наметавонам.
Тарозуи гӯё
Зан ба назди духтур рафта, мегӯяд:
— Духтур, ба фикрам, ман фарбеҳ шудаам.
Духтур:
— Чаро ин тавр фикр мекунед?
Зан:
— Имрӯз тарозуи гӯё харидаму вазнамро чен кардам.
Духтур:
— Хуш, тарозуи гӯё вазнатонро чанд гуфт?
Зан:
— Тарозу гуфт, ки «илтимос, ба болои тарозу якнафарӣ бароед!».
Дӯзах
Марде ба дӯсташ ҳасрат мекунад:
— Бо шарофати занам ман тақводор шудам.
Дӯсташ ҳайрон шуда, мепурсад:
— Чӣ тавр?
Мард дар ҷавоб:
— То рӯзи тӯямон ман ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надоштам.
Имконнопазир
Рӯзноманигор аз марде мепурсад:
— Чӣ гуна ба шумо муяссар мегардад, ки ҳама корро дар вақташ иҷро карда, табъатон болида бошад?
Мард мегӯяд:
— Ман бо касе баҳс намекунам.
Рӯзноманигор:
— Охир, ин имконнопазир аст!
Мард мегӯяд:
— Имконнопазир бошад, пас имконнопазир аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ