Толеъномаи 19-уми июни соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо истифода аз ному мавқеи наздикон ва нафароне, ки дӯсташон медоред, кӯшиши худнамоӣ карданро накунед. Аз хариди калон худдорӣ намоед, вагарна чизи харидаатон ба шумо маъқул нашуда,  сахт андуҳгин мегардед. Фаъолнокии шуморо атрофиён қадр мекунанд, вале ба рафтори беандеша роҳ надиҳед. Маблағи доштаи худро захира кунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ба таъмири хона машғул нашавед, вагарна маблағи зиёдеро аз даст медиҳед. Аз робитаву муошират ба ғайр аз фиребу дилмондагӣ чизи дигаре намегиред. Аз субҳи имрӯз нофаҳмиву хурдагирӣ имкон дорад. Тақдир бар зидди шумо бошад ҳам, сар нафароред.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Агар дар ин рӯз хариди калон карданӣ бошед, бо пули калон ба мағозаву бозор наравед. Беҳтараш харидро ба рӯзи дигар гузоред. Рӯзи мусоидест барои робита намудану ба меҳмонӣ рафтан. Бадбахтиҳо аз канори шумо гузашта мераванд. Душмани пинҳонӣ кӯшиши пешпо додани шуморо мекунад, вале худ ба доми худаш меафтад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба ақидаи маслиҳатчиён гӯш дода, ба хатоҳо роҳ дода метавонед. Барои муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон вақти мусоид нест. Беҳтараш тамоми норозигиву қаҳри ёратонро нодида гиреду сабур бошед. Барои он ки бемор нашавед, ҳангоми гарм будани ҳаво ба берун набароед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз қувваву нерӯи шуморо қадр мекунанд, вале ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Ҳунару маҳорати худро дуруст ба кор бурда, мавқеи худро баланд мебардореду обрӯву нуфузатон зиёд мегардад. Баъди шом ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна ба бемориҳои рӯдаву меъда гирифтор мешавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарорест барои корҳои муҳим. Захираҳои худро ба кор бурда, муносибатро бо наздикони худ мустаҳкам ва вазъи молиявиро беҳтар месозед. Мушкилиҳои пулӣ имкон доранд, қарзҳои куҳнаро баргардониданатон лозим меояд. Баъзеҳо ба наздикону хешовандон кумаки молиявӣ мерасонанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи вазнин аст. Ба назаратон чунин менамояд, ки мушкили пайдошударо рафъ карда наметавонед. Эҳтимол асабӣ шуда,  ҳодисаҳоро дуруст рафъ карда наметавонед. Агар ин давраи душворро паси сар карда, аз муноқиша бо дӯстон ва дигар монеаҳо раҳоӣ ёфта тавонед, муваффақият насибатон мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи вазнин аст. Субҳро аз фаъолияти ором сар карда, ягон кори муҳимро ба нақша нагиред. Бо он чизе, ки ҳаёт пешкашатон месозад, қаноат карда, чизе талаб накунед. Эҳтимол худро нотоб ҳис мекунед. Баъди нисфирӯзӣ истироҳати бофароғат карда, аз машқҳои ҷисмонӣ истифода баред. Барои шод сохтани хотири дӯстдоштаатон фантазияи худро ба кор баред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавсҳои муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки зиндагияшонро яку якбора тағйир медиҳад. Ба саломатии худ диққат диҳед. Эҳтимол каме нотоб гашта, якбора ғамгин мегардед. Дар ҳама гуна фаъолият аз тағйироти куллӣ худдорӣ намоед, бо нафароне, ки дӯсташон медоред, муноқиша накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бар замми рафъ сохтани мушкили худ шуморо лозим меояд, ки наздиконро бо меҳру муҳаббат фаро гиред. Такаббур боиси пешравии коратон шавад ҳам, қаҳру ғазаби наздикону шиносҳоятонро меорад. Маблағеро, ки имрӯз ба даст меоред, ба осонӣ аз даст медиҳед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед, қувваву имкониятҳои худро ба эътибор гиред. Мардҳо мушкили муҳимеро рафъ кардаву ғалатҳои куҳнаро рафъ месозанд. Дар муносибат бо наздикони худ ростқавливу интизомро риоя кунед. Зимни робита бо ҳамсуҳбат нуқтаи назари ӯро ғалат нашуморед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ҷасурона аз пайи амалӣ сохтани корҳое шуда метавонед, ки қаблан аз уҳдааш намебаромадед. Аз корҳои хатарнок ва нафарони шубҳанок дурӣ ҷӯед. Вазъи молиявиатонро беҳтар месозед. Қабл аз хоб сайругашт ва истироҳат карданатон хуб аст. Эҳтимоли бехобӣ ва камқувватӣ дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *