Аз таҳти дил бихандед!
Корманди хуб
Санавбат ба Лола занг зада, мегӯяд:
– Лола, дар куҷоӣ? Шеф туро як соат боз мекобад.
Лола дар ҷавоб мегӯяд:
– Ба шефамон гӯй, ки корманди хубро ёфтан душвор аст!
Мактаби мусиқӣ
Шавҳар ба занаш мегӯяд:
– Латофат, ба фикрам, ту дар мактаби мусиқӣ таҳсил кардаӣ?
Зан дар ҷавоб:
– Ман ягон хел мактаби мусиқиро нахондаам!
Шавҳар мегӯяд:
– Ин тавр бошад, барои чӣ ҳар рӯз консерт нишон медиҳӣ?
Нобоварӣ
Падар аз писараш мепурсад:
– Ман ба ту даҳ дона себ медиҳаму сетояшро гашта мегирам. Дар дасти ту чӣ мемонад?
Писар дар ҷавоб:
– Нобоварӣ…
Дарк
Пиразане аз дугонааш мепурсад:
– Ҳамин ту фаҳмида метавонӣ, ки дар дунё чӣ гапу корҳо шуда истодааст?
Дугонааш мегӯяд:
– Ба ту чӣ хел фаҳмонам…
Пиразан гапи дугонаашро бурида, мегӯяд:
– Ман худам ҳам мефаҳмам, вале дарк карда наметавонам.
Тарозуи гӯё
Зан ба назди духтур рафта, мегӯяд:
– Духтур, ба фикрам, ман фарбеҳ шудаам.
Духтур:
– Чаро ин тавр фикр мекунед?
Зан:
– Имрӯз тарозуи гӯё харидаму вазнамро чен кардам.
Духтур:
– Хуш, тарозуи гӯё вазнатонро чанд гуфт?
Зан:
– Тарозу гуфт, ки «илтимос, ба болои тарозу якнафарӣ бароед!».
Дӯзах
Марде ба дӯсташ ҳасрат мекунад:
– Бо шарофати занам ман тақводор шудам.
Дӯсташ ҳайрон шуда, мепурсад:
– Чӣ тавр?
Мард дар ҷавоб:
– То рӯзи тӯямон ман ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надоштам.
Имконнопазир
Рӯзноманигор аз марде мепурсад:
– Чӣ гуна ба шумо муяссар мегардад, ки ҳама корро дар вақташ иҷро карда, табъатон болида бошад?
Мард мегӯяд:
– Ман бо касе баҳс намекунам.
Рӯзноманигор:
– Охир, ин имконнопазир аст!
Мард мегӯяд:
– Имконнопазир бошад, пас имконнопазир аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ