Аз таҳти дил бихандед!
Туҳфаи солинавӣ
Субҳи рӯзи 1-уми январ марде ба дӯсташ занг зада, мепурсад:
— Дӯстам, соли навро чӣ гуна пешвоз гирифтӣ?
Мард мегӯяд:
— Мисли туҳфаи солинавӣ…
Дӯсташ ҳайрон шуда, мепурсад:
— Чӣ хел мисли туҳфаи солинавӣ?
Мард мегӯяд:
— Тамоми шаб дар таги арча хоб будам.
Навбат
Баъди ҷашнгирии соли нав зан бо шавҳараш баҳс мекунанд, ки косаву табақро кӣ бояд шӯяд. Зан ба шавҳараш мегӯяд:
— Биё, минбаъд косаву табақро бо навбат мешӯем. Имсол навбати ту!
Инсони ҳазорсолаи 3-юм
Мард баъди шаби ҷашни соли нав бо рӯйи варам, чашмони сурх ва риши расида ба оина нигариста, мегӯяд:
— Ана ту чӣ гуна будаӣ, инсони ҳазорсолаи 3-юм.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ