латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ғижжак

Марде ба ҳамсояаш занг зада, мегӯяд:

— Ҳамсоя, зуд ғижжакнавозиро бас кунед! Безори ҷон шудам, агар чунин давом кардан гирад, ман девона мешавам.

Ҳамсоя дар ҷавоб:

— Шумо аллакай девона шудед. Мо ғижжакро як ҳафта пеш фурӯхта будем.

Як қабр

Ду нафар аз назди қабристон гузашта истода, навиштаҷоти санги болои қабрҳоро мехонанд. Якеаш дар санги як қабр мехонад:

— Раҳим Умаров, адвокат ва инсони наҷиб.

Марди дуюм мегӯяд:

— Инро бинанд, дар як қабр ду нафарро гӯр кардаанд!

Туҳфа

Мард аз занаш мепурсад:

— Занак, дар зодрӯзат чӣ туҳфа кунам?

Зан дар ҷавоб:

— Ростӣ, намедонам…

Шавҳар мегӯяд:

— Майлаш, ба ту барои фикр кардан як соли дигар вақт медиҳам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *