Аз таҳти дил бихандед!
Видоъ бо мошин
Марде мошинашро ба оғӯш кашида, мебӯсаду ашк мерезад. Ин ҳолати мард диққати роҳгузареро ба худ ҷалб месозаду мепурсад:
— Ҳа ҷӯра, мошинатро мефурӯшӣ чӣ?
Мард мегӯяд:
— Э не, дирӯз занам ҳуҷҷати ронандагӣ гирифт.
Дарк
Пиразане аз дугонааш мепурсад:
— Ҳамин ту фаҳмида метавонӣ, ки дар дунё чӣ гапу корҳо шуда истодааст?
Дугонааш мегӯяд:
— Ба ту чӣ хел фаҳмонам…
Пиразан гапи дугонаашро бурида, мегӯяд:
— Ман худам ҳам мефаҳмам, вале дарк карда наметавонам.
Падари ниқобдор
Духтарчаи дар замони “коронавирус” таваллудшуда чанд сол пас аз модараш мепурсад:
— Очаҷон, падари ман кист?
Модар:
— Намедонам, духтарам. Дар рӯяш ниқоб дошт…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ