Аз таҳти дил бихандед!
Видоъ бо мошин
Марде мошинашро ба оғӯш кашида, мебӯсаду ашк мерезад. Ин ҳолати мард диққати роҳгузареро ба худ ҷалб месозаду мепурсад:
– Ҳа ҷӯра, мошинатро мефурӯшӣ чӣ?
Мард мегӯяд:
– Э не, дирӯз занам ҳуҷҷати ронандагӣ гирифт.
Дарк
Пиразане аз дугонааш мепурсад:
– Ҳамин ту фаҳмида метавонӣ, ки дар дунё чӣ гапу корҳо шуда истодааст?
Дугонааш мегӯяд:
– Ба ту чӣ хел фаҳмонам…
Пиразан гапи дугонаашро бурида, мегӯяд:
– Ман худам ҳам мефаҳмам, вале дарк карда наметавонам.
Падари ниқобдор
Духтарчаи дар замони “коронавирус” таваллудшуда чанд сол пас аз модараш мепурсад:
– Очаҷон, падари ман кист?
Модар:
– Намедонам, духтарам. Дар рӯяш ниқоб дошт…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ