Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Корд

Муфаттиш:

— Шумо ин кордро мешиносед?

Гумонбаршуда:

— Албатта!

— Оҳо! Оқибат шинохтед?

— Ҷин занад, чӣ хел нашиносам, ки онро ба ман ду моҳ боз нишон медиҳед?!

Савол

Харидор мехоҳад ба асаби қассоб расад:

— Ин гӯшт дар зинда буданаш “Мияв” мегуфт ё “Вов-вов”?

Қассоб:

— Ин гӯшт дар вақти зинда буданаш ҳар хел савол медод!

Тухм

Зан аз шавҳараш мепурсад:

— Мардак, ин мурғҳои ҳамсоя дигар ба ҳавлиямон наомада истодаанд-ку!?

Шавҳар дар ҷавоб:

— Сабабашро донистан мехоҳӣ? Ман шабона дар даруни полезамон бист дона тухмро гузошта, саҳарӣ дар назди чашми ҳамсояҳо ҳамаашро ҷамъ кардам!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *