Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Як қабр

Ду нафар аз назди қабристон гузашта истода, навиштаҷоти санги болои қабрҳоро мехонанд. Якеаш дар санги як қабр мехонад:

— Раҳим Умаров, адвокат ва инсони наҷиб.

Марди дуюм мегӯяд:

— Инро бинанд, дар як қабр ду нафарро гӯр кардаанд!

Шубҳа

Зане ба табиби равоншинос занг зада, арзи дил мекунад:

— Духтур, ҷавони дӯстдоштаам ҳар шом соати 20:00 хоб рафта, дигар ба паёмакҳои ман посух намедиҳад.

Равоншинос дар ҷавоб мегӯяд:

— Духтари нағз, аз афташ дӯстдоштаи шумо зан дорад.

Ош

Дар маъракае зан ба шавҳараш мегӯяд:

— Мардак, айбро намедонед, аллакай бори 10-ум аст, ки табақ гирифта, ба сари деги ош меравед.

Мард дар ҷавоб мегӯяд:

— Не, ман ба ҳама мегӯям, ки ошро барои занам бурда истодаам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *