Эхсон Сафарзода

Эҳсон Сафарзода аз вазифа сабукдӯш шуд ва Дилафрӯз Қурбонӣ вазифа гирифт

Имрӯз, 12-уми январ дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муаррифии кадрҳои тозатаъин баргузор гардид.

Тавре як манбаъ аз Вазорати маориф ва илм ба Pressa.tj хабар дод, Эҳсон Сафарзода аз вазифаи котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм озод ва сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа Шодӣ Шокирзодаро иваз намудааст.

Дилафрӯз Қурбонӣ ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Омӯзгор” таъйин шуд. То ин замон дар мақоми номбурда Ноилшоҳ Нурализода фаъолият дошт.

Зимнан, Ноилшоҳ Нурализода ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” таъйин гардидааст.

Ҳоло кӣ сухангӯи Вазорати маориф ва илм таъйин шудааст, муайян нест. Аммо Эҳсон Сафарзода солҳои тӯлонӣ дар ин вазифа фаъолият дошт. Ӯро яке аз фаъолтарин сухангӯёни матбуотӣ медонанд.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *