Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Некролог

Марде дар газета некрологро дар бораи худаш мутолиа мекунад. Табъаш хира гашта, ба дӯсташ занг мезанад:

— Одамон девона шудаанд, мефаҳмӣ!? Ту некрологро мутолиа кардӣ?

Дӯсташ дар ҷавоб мегӯяд:

— Мутолиа намудам. Ту аз куҷо занг зада истодаӣ?

Рашки зан

Мард ба занаш мегӯяд:

— Занак, ту маро рашк мекунӣ?

Зан дар ҷавоб:

— Не.

Мард боз мепурсад:

— Аниқ рашк надорӣ?

Зан дар ҷавоб:

— Аниқ.

Мард ин дафъа мегӯяд:

— Маро мебӯсӣ?

Зан мегӯяд:

— Бигзор ҳамон маймуне туро бӯса кунад, ки дар поёни аксат лайк гузоштааст!

Айнак

Духтаре ҳангоми мулоқоти ошиқона ба дӯстдоштааш мегӯяд:

— Ту бе айнак зеботар ҳастӣ.

Ҷавон дар ҷавоб:

— Вақте ман бе айнак бошам, ту ҳам зеботар ҳастӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *