Аз таҳти дил бихандед!
Некролог
Марде дар газета некрологро дар бораи худаш мутолиа мекунад. Табъаш хира гашта, ба дӯсташ занг мезанад:
– Одамон девона шудаанд, мефаҳмӣ!? Ту некрологро мутолиа кардӣ?
Дӯсташ дар ҷавоб мегӯяд:
– Мутолиа намудам. Ту аз куҷо занг зада истодаӣ?
Рашки зан
Мард ба занаш мегӯяд:
– Занак, ту маро рашк мекунӣ?
Зан дар ҷавоб:
– Не.
Мард боз мепурсад:
– Аниқ рашк надорӣ?
Зан дар ҷавоб:
– Аниқ.
Мард ин дафъа мегӯяд:
– Маро мебӯсӣ?
Зан мегӯяд:
– Бигзор ҳамон маймуне туро бӯса кунад, ки дар поёни аксат лайк гузоштааст!
Айнак
Духтаре ҳангоми мулоқоти ошиқона ба дӯстдоштааш мегӯяд:
– Ту бе айнак зеботар ҳастӣ.
Ҷавон дар ҷавоб:
– Вақте ман бе айнак бошам, ту ҳам зеботар ҳастӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ