Аз таҳти дил бихандед!
Дунёи ошиқон
Мӯйсафеде харашро гум карда ба кофтан мебарояд. Дар роҳ духтареро бо як ҷавон мебинад, ки мулоқоти ошиқона доранд. Ҷавон ба чашмони духтар нигариста мегӯяд:
-Азизам, дар чашмони ту дунёро мебинам.
Мӯйсафед инро шунида мегӯяд:
-Бачам, хушрӯйтар нигоҳ кун, хари маро дар ягон ҷо намебинӣ?
Пул
Писарча аз тиреза модарашро фарёд карда, мегӯяд:
— Оча, ба ман 50 дирам партоед.
Модараш мегӯяд:
— Мабодо танга афтода гум нашавад?
Писарча мегӯяд:
— Шумо онро дар пули яксомона печонида партоед.
Аллергия
Маризе назди табиб омада, мегӯяд:
— Духтур, худро хеле бад ҳис мекунам.
Духтур як дона мехчаро дода, мефармояд:
— Ана, ин мехро фурӯ баред. Ягон чӣ ҳис мекунед?
Мариз баъди фурӯ бурдани мехча:
— Аҳволам бадтар шуд.
Табиб мегӯяд:
— Ҳамааш равшан шуд, шумо аз мехча аллергия доред!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ