соат

Маърифати исломӣ: Бастани соати тиллоӣ ба мард ҷоиз аст?

Ҳамсарам барои ман аз Туркия соати тиллоӣ харида овард. Онро ду-се маротиба баста, ба кор рафтам. Вале як ҳамкорам мегӯяд, ки бастани соатҳои тиллоӣ ва соати зарди тиллоранг ба мард ҷоиз нест. Мехоҳам сари ин мавзуъ равшанӣ андозед.

САМАРИДДИН, шаҳри Хуҷанд

Посух:

— Ҳамкоратон дуруст гуфтааст. Соати тиллоӣ ба мардон ҷоиз нест. Он барои занон ҷоиз аст, аммо барои мард агар соат аз тилло ва ё тиллокорӣ карда шуда бошад (яъне заркӯбӣ шуда бошад ва ё ба рӯяш оби тилло давонда шуда бошад), ҷоиз нест. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Тилло ва абрешим ба занони умматам ҳалол гардонида шудааст ва ба мардони умматам ҳаром гардонида шудааст».

Аммо агар ранги он ба тилло монанд бошад, вале тилло набошад, барои мард беҳтар аст, ки онро истифода набарад, то шаъну шарафи ӯ аз иттиҳоми мухолифат варзидан ба шариати покиза ҳифз шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *