Аз таҳти дил бихандед!
Оҳанпора
Марде ба занаш иҷозат медиҳад, ки мошинашро гирифта ронад. Баъди чанд соат мард барои занаш хавотир шуда, ба қади роҳ мебарояд:
— Бахшиш,- мепурсад аз як шиноси роҳгузараш,- шумо завҷаи маро надидед?
— Дидам, дидам,- мегӯяд шиносаш ва илова мекунад:
— Ҳо ана дар ҳамон адир оҳанпора ҷамъ мекунад.
Иқлими сард
Муаллими ҷуғрофия аз талаба мепурсад:
— Аз ҳама иқлими хунуктарин куҷост?
Талаба дар ҷавоб:
— Синфи худамон, муаллим.
Заҳр
Пагоҳӣ байни зану шавҳар муноқиша сар зада, мард қаҳр карда баромада меравад. Қарибиҳои бегоҳ гурусна монда, ба хонааш занг зада, мепурсад:
— Чӣ пухтӣ?
Зан бо қаҳр мегӯяд:
— Заҳр!
Шавҳар мегӯяд:
— Бисёр хуб, маро интизор нашуда, худат хӯрдан гир!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ