Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Модари ту мезанад

Писарча аз падараш мепурсад:

— Дада, шуморо ягон маротиба модаратон задааст?

Падар мегӯяд:

— Не, писарам, фақат модари ту задааст!

Бибии дарозумр

Зане дар автобус бо набераи 5-солааш меравад. Писарча бо садои баланд мепурсад:

— Бибӣ, шумо чандсола ҳастед?

Зан аз савол гурехтанӣ мешавад.

Кӯдак боз мепурсад:

— Бибиҷон, ақаллан рақами якумашро гӯед.

— Зан мегӯяд:

— Панҷ.

Кӯдак боз мегӯяд:

— Рақами дуюмаш чӣ?

Зан:

— Чор.

Кӯдак ин дафъа мегӯяд:

— Рақами сеюмаш чанд?

Сангпушт

Сарвари тарабхонаи бонуфузе ба сангпуштҳои дохили ҳавличаи тарабхона ишора карда, ба як меҳмон бо ифтихор мегӯяд:

— Фахру обрӯи тарабхонаи мо сангпуштҳоянд.

Меҳмон оромона мегӯяд:

— Ҳа медонам, дирӯз яктояш ба ман хизматрасонӣ карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *