Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Вафодор

Марде сагашро ба фурӯш мегузорад. Харидоре аз ӯ мепурсад:

— Сагатон солим аст?

— Солим!

— Боақл аст?

— Боақл,- мегӯяд соҳиби саг.

— Вафодор аст?,- боз мепурсад харидор.

— Чунон бовафо аст, ки бори панҷум аст ӯро мефурӯшам.

Раҳмати Худо

Ба марде занг зада, мегӯянд:

— Занатро сел бурд.

Мард мегӯяд:

— Ман аз аввал медонистам, ки борон раҳмати Худост!

Лаҳзаи истироҳат

Марде аз рафиқаш мепурсад:

— Гӯш кун, ту миёнаи рӯз имкони истироҳат кардан дорӣ?

Рафиқаш мегӯяд:

— Бале, занам баъди нисфирӯзӣ қариб як соат хоб меравад.

Мард ҳайрон шуда:

— Ман занатро не, худатро пурсидам.

Рафиқаш мегӯяд:

— Гап сари он аст, ки вақте занам хоб меравад, ман вақти истироҳат пайдо мекунам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *