Аз таҳти дил бихандед!
Вафодор
Марде сагашро ба фурӯш мегузорад. Харидоре аз ӯ мепурсад:
– Сагатон солим аст?
– Солим!
– Боақл аст?
– Боақл,- мегӯяд соҳиби саг.
– Вафодор аст?,- боз мепурсад харидор.
– Чунон бовафо аст, ки бори панҷум аст ӯро мефурӯшам.
Раҳмати Худо
Ба марде занг зада, мегӯянд:
– Занатро сел бурд.
Мард мегӯяд:
– Ман аз аввал медонистам, ки борон раҳмати Худост!
Лаҳзаи истироҳат
Марде аз рафиқаш мепурсад:
– Гӯш кун, ту миёнаи рӯз имкони истироҳат кардан дорӣ?
Рафиқаш мегӯяд:
– Бале, занам баъди нисфирӯзӣ қариб як соат хоб меравад.
Мард ҳайрон шуда:
– Ман занатро не, худатро пурсидам.
Рафиқаш мегӯяд:
– Гап сари он аст, ки вақте занам хоб меравад, ман вақти истироҳат пайдо мекунам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ