Аз таҳти дил бихандед!
Таҳдид
Шавҳар ба занаш гуфт:
— 100 ҳазор сӯм деҳ…
— Не, диҳам, боз менӯшӣ!,- гуфт зан ва пул надод.
Шаб зан аз кор омада дид, ки ғозҳо нестанд.
— Эй, мардак, ғозҳо канӣ?
— Ғозҳо ба Ҷануб парида рафтанд. Агар ин дафъа ҳам пул надиҳӣ, гӯсфандҳо ҳам ба куҳ баромада мераванд.
Таваллуд
Марди қафқозӣ ба писарчаи навтаваллудшудааш, ки мӯйҳои сиёҳу ҷингила дошт, нигариста, ба занаш мегӯяд:
— Гӯш кун, занак, ман нафаҳмидам, ту инро таваллуд кардӣ ё бофтӣ?
Суроға
Зан аз шавҳараш мепурсад:
— Ту дар куҷо будӣ?
— Дар хонаи ҳамкурсонам,- посух медиҳад мард.
— Се рӯз?,- мепурсад зан.
— Ҳа, мо ба хотир овардем,- мегӯяд мард.
— Чиро ба хотир овардед?,- ҳайрон мешавад зан.
— Суроғаи хонаамонро!,- мегӯяд мард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ