Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Беморӣ

Зан дар дорухона аз фурӯшанда мепурсад:

— Барои мард валидол хуб аст ё нардсунбул?

Фурӯшанда мепурсад:

— Беморияш чист?

Зан мегӯяд:

— Попӯшии занона бо нархи 500 сомонӣ.

Ҷиноят

Дар идораи САҲШ духтаре аз дугонааш мепурсад:

— Дилбар, ту бори чандум аст, ки шавҳар мекунӣ?

Дилбар дар ҷавоб:

— Бори панҷум.

Дугонааш мегӯяд:

— Барҳақ ҷинояткор ба макони ҷиноят боз бармегаштааст!

Ёдрас

Марде баъди адои намоз аз Худованд талаб мекунад:

— Худоё, ҷавонӣ додӣ, боз гирифтӣ. Сарват додӣ, боз гирифтӣ. Чанд сол аст, ки занам додӣ, хостам ёдоварӣ кунам…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *