Маърифати исломӣ: Китобҳои ҳанафӣ кадомҳоянд?

Мо мардуми Тоҷикистон ҳама мусалмонони ҳанафӣ ҳастем. Мехоҳам мазҳабамонро бештар омӯзам. Кадом китобҳои муътамад вуҷуд доранд, ки метавон аз онҳо мазҳаби ҳанафиро омӯхт?

ҶАСУР, ноҳияи Деваштич

Посух:

— Китобҳои фиқҳие, ки дар мазҳаби ҳанафӣ мавриди эътимод қарор гирифтаанд, чаҳортоянд:

Китоби аввал: «Маҷмаъу-л-баҳрайни ва мултақо-н-наҳрайн”-и Музаффаруддин Аҳмад ибни Алӣ, маъруф бо номи Ибну-с-соъотӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Китоби дувум: «Канзу-д-дақоиқ»-и Имом Абу-л-баракот Абдуллоҳ ибни Аҳмади Насафӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Китоби савум: «Виқояту-р-ривояти фӣ масоили-л-ҳидоя»-и Имом Тоҷу-ш-шариъа Ал-Маҳбубӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Китоби чаҳорум: «Ал-Мухтору лил-фатво”-и Абу-л-фазл Абдуллоҳ ибни Маҳмуд ибни Мавдуди Мавсилӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Ба ин китобҳои чаҳоргона боз як китоби муҳими дигаре бо номи «Мухтасару-л-қудурӣ» илова мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *