падар

Маърифати исломӣ: Падар духтарро занад, духтар бадбахт мешавад?

Мегӯянд, ки агар падар духтарро занад, духтар дар зиндагӣ бадбахт мешавад. Мехоҳам донам, ки ин гап ягон асос дорад ё не? Дини мубини ислом дар ин бора чӣ мегӯяд? 

МАДИНА, шаҳри Кӯлоб

Посух:

— Падар дар болои сари фарзандон ҳамчун соябон аст. Бояд аз ҳама рафтору кирдори аҳли оилааш бохабар бошад, фарзандонашро зери назорат гирад, аз ҳамсараш ғофил намонад. Вақте ки ягон амали номатлуби онҳоро мебинад, бояд сари вақт он хаторо ислоҳ намояд.

Задану сарзаниш кардани волидон ба хушбахт ё бадбахт шудани фарзанд ягон робита надорад. Хушбахт ё бадбахт шудани одам ба тақдираш вобастагӣ дорад. Худованд дар тақдираш хушбахтиро навишта бошад, албатта хушбахт мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *